“Истиқлол” ба хайрият то Куантани Малайзия расид – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” ба хайрият то Куантани Малайзия расид

Ҳайати намояндагии чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе, дар шумораи 23 нафар, нимаи авали имрӯз сиҳату саломат ба Куантани Малайзия расид. Чемпиони мо рӯзи чоршанбеи 16 сентябр дар бозии ҷавобии марҳилаи чорякфинали Ҷоми КФО-205  бо “Паҳанг”-и Малайзия вориди рақобат мешавад.

Ба иттилои торнамои расмии бошгоҳи футболи пойтахт, ҳайати намояндагии “Истиқлол” айни ҳол дар меҳмонхонаи «Zenith Hotel Kuantan» қарор дорад ва ҳангоми будубоши худ дар Малайзия он ҷо истиқомат хоҳад кард.

Бо назардошти роҳи тӯлонӣ ва мондашавии бозигарон, ситоди мураббиёни “Истиқлол” имконият дод, ки футболбозон имрӯз истироҳат кунанд. Пагоҳ чемпиони Тоҷикистон тамрини аввали худро дар Малайзия мегузаронад. Ҳаминро қайд мекунем, ки “Истиқлол” бо 16 бозигар ба Малайзия сафар кардаст.

Ёдовар месозем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба фоидаи чемпиони мо анҷом ёфта буд. Бозии ҷавобӣ рӯзи чоршанбеи 16 сентябр соати 20:45 ба вақти маҳаллӣ (соати 17:45 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

 

Ҳайати “Истиқлол” дар бозӣ бо “Паҳанг”:

Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Алишер Тӯйчиев;

Муҳофизон: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир  Ҷалилов, Эраҷ Раҷабов;

Ниммуҳофизон: Нуридддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Ромиш Ҷалилов,  Дилшод Восиев;

Ҳамлагарон: Бледа Родригес, Манучеҳр Ҷалилов.

Ҳайати роҳбарикунанда: Шаҳзод Сулаймонов – менеҷери бошгоҳ, Мубин Эргашев – сармураббӣ, Аслиддин Ҳабибуллоев – мураббии калон, Фаррух Авезов – духтур, Эркин Дадоҷонов – физиотерапевт, Одил Иргашев – маъмур, Рустам Хакимов – роҳбари дафтари матбуотӣ.

Добавить комментарий