Имрӯз, 31 январ, чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ҷиҳати баргузории ҷамъомади дуюми омӯзишӣ-машқии зимистонии худ ба Анталияи Туркия сафар кард.
Ба ахбори сомонаи расмии бошгоҳи футболи пойтахт, ҷамъомади омӯзишӣ-машқии даста дар Туркия то 14 феврал идома мекунад. Дар доираи ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ баргузории чор бозии санҷишии «Истиқлол» бо бошгоҳҳои футболи хориҷӣ ба нақша гирифта шудаст. Дар давоми будубрши худ дар Анталия «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Корвонсарой» истиқомат хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки вохӯрии якуми худро дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 чемпиони феълии Тоҷикистон рӯзи 23 феврал бо «Ал-Файсалӣ»-и Урдун дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегузаронад.