«Истиқлол» – «Ал-Файсалӣ»: пагоҳ – нишасти хабарии пеш аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Ал-Файсалӣ»: пагоҳ – нишасти хабарии пеш аз бозӣ

Ба таваҷҷӯҳи намояндагони ВАО! Пагоҳ, 22 феврал, соати 11:30 дар меҳмонхонаи «Хаятт Риҷенси Душанбе» (конфронс-толори Торонто) нишасти хабарии пеш аз бозии даври ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Файсалӣ» (Урдун) доир мегардад.

Ба суолҳои хабарнигорон сармураббиёни дастаҳо ҷавоб медиҳанд. Ба нишасти хабарӣ инчунин як нафарӣ бозигарони дастаҳо низ даъват мешаванд.

Пас аз анҷоми нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорони аккредитатсияшуда бейҷикҳо тақсим карда мешаванд.

Барои маълумоти комилтар метавонед бо телефонҳои 911100014, 918667387 (Фаридун Салиев), 987351111, 989086363 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.

Добавить комментарий