«Истиқлол» – «Ал-Қадсия»: нишасти хабарии пеш аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – «Ал-Қадсия»: нишасти хабарии пеш аз бозӣ

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!!! Пагоҳ, 14-уми апрел, соати 10.00 дар меҳмонхонаи «Шератон» (конфронс-толори Фирдавсӣ, ошёнаи 3-юм) нишасти хабарии пеш аз бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 байни «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Қадсия» (Кувайт) доир мегардад.

Ба суолҳои рӯзноманигорон сармураббиёни дастаҳо – Мубин Эргашев («Истиқлол») ва Рашид Ал-Бедайх («Ал-Қадсия») посух медиҳанд. Инчунин ба нишасти хабарӣ як нафарӣ бозигарони дастаҳо низ даъват мешаванд.

Ҳамаи кормандони ВАО-ро барои иштирок дар ин нишасти хабарӣ даъват менамоем.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефонҳои 98-735-1111 (Рустам Ҳакимов), 918-66-73-87 ё 9-111-000-14 (Фаридун Солиев) тамос бигиред. 

Добавить комментарий