Хуршед Махмудов бозингари клуби футзали «ДИСИ Инвест» шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Хуршед Махмудов бозингари клуби футзали «ДИСИ Инвест» шуд

Яке аз серунвонтарин футболбозони тоҷик Хуршед Маҳмудов, ки дар мавсими футболи соли гузашта шарафи клуби футболи «Барқчӣ»-и Душанберо ҳимоя дошт қарор кард, ки собиқаи бозингарияшро дар клуби футзали «ДИСИ Инвест»-и Душанбе идома диҳад.

Чемпиони секаратаи футзали Тоҷикистон «ДИСИ Инвест»-и пойтахт имрӯз бо собиқ капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон Хуршед Маҳмудов шартномаи дарозмуддат ба тасвиб расонд.

«Аз гузаштани худ ба дастаи футзали «ДИСИ Инвест» хело шодам. Кӯшиш мекунам, ки дар ҳайати даста хуб баромад карда, имсол низ ба гирифтани унвони чемпионӣ мушарраф шавем», – гуфт баъд аз ба имзо расонидани шартнома бо «Диси Инвест» Хуршед Маҳмудов. Президенти клуби футзали «ДИСИ Инвест» Исматулло Давлатов дар навбати худ чунин қайд кард: « Мо бисёр хурсандем, ки бо чунин бозигари тавоно шартнома бастем. Хуршед, бешубҳа дастаи моро пурқувваттар мекунад. ӯ худро дар мусобиқаҳои кишвар баръало нишон дод ва илова бар ин таҷрибаи хеле ғании бозикуниро соҳиб аст. Боварӣ дорам, ки Хуршед яке аз бозигарони калидии дастаи мо мешавад. Ба ӯ барору комёбиро таманно мекунам!».

Қобили қайд аст, ки ба ғайр аз Хуршед Маҳмудов «ДИСИ Инвест» имрӯз бо бозигари мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Меҳрубон Тиллозода низ шартнома баст. Тиллозода қаблан дар дастаи футзали «Газпром» баромад мекард.

Добавить комментарий