Хуршед Файзуллозода: “Бе таҳкурсӣ хона сохта намешавад” – Федерация Футбола Таджикистана

Хуршед Файзуллозода: “Бе таҳкурсӣ хона сохта намешавад”

Дар робита бо баромади бебарори дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 ба фаъолияти федератсия баҳои манфӣ дода шудааст. Дар ҳоле, ки ин даста имконияти ба Ҷоми Осиё –  2019 шомил шуданро дорад. Барои маълум намудани он ки чаро футболбозони тоҷик дар ҷоми ҷаҳон -2018 чандон бозии хубро нишон надоданд ва барои таъғир додани вазъият чи бояд кард, хабарнигори рӯзномаи “АП” бо муовини аввал, котиби генералии президенти Федуратсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода сӯҳбат намуд.

– Хуршед, Шуморо имрӯз барои бохти дастаи мунтахаб сахт интиқод мекунанд?

– Фикр мекунам, ки дастаи мунтахаб дар доираи имкониятҳои доштаи худ баромад намуданд, гарчанде метавонистанд бозии хубтарро низ анҷом диҳанд. Федератсияи футболи Тоҷикситон барои тим нисбат ба соли 2012, ки ба роҳбарият ҳайати нав шомил гардид, имконият ва шароитҳои хубро фароҳам оварда буд.

Дар аввал мақсади асосии мо ба тартиб овардани сохти идоракунӣ буд. Мо ба интихоби кадр машғул будем ва депортаментаҳои нав таъсис дода, барои ҳар сохтор супоришҳои мувофиқ дода шуд. Сохтори имрӯза  куллан аз собиқ фарқ мекунад.

Дар давраи аввал вазифаи асосии мо рушди оммавияти футбол ва бунёди инфросохторӣ буд. Дар ин самт корҳои зиёде шудаанд ва идома меёбанд. Чаро мо бештар ба оммавӣ будан таваҷҷӯҳи хосса зоҳир кардем? . Барои маълум намудан биёед ба вазъияти тимҳои мунтахаби ҷумҳурӣ бингарем. Бояд ба натиҷаи тими миллӣ, ки барои онҳо шароити максималӣ фароҳам оварда шуда буд ва натиҷа қаноатбахш  буд диққат диҳед. Сабаб дар он буд, ки норасоии тунди кадр эҳсос мешуд. Шумораи бозингарони хуб хеле кам буда дар интихоби муррабӣ  низ танқисӣ мекашем. Мо футболистро метавонем танқид кард, вале дар амал ба ҷойи ӯ наметавонем дигарро иваз бикунем. Чун номзади дигар аз ӯ дида бозингари бадтар аст. Номзадҳои хуб дар тими миллӣ хеле маҳудуд аст. Барои ҳамин камчиии бозингарон дида мешавад, ки талаботи дастаи асосии кишвар бошанд.

– Шояд бозингарони бомаҳорат аз дигар давлатҳо давъват шаванд?

– Ин роҳи ҳалли мушкил нест. Бо кӯмаки ин бозингарон метавонем натиҷа ба даст орем, аммо дар оянда натиҷае нахоҳад дод. Беҳтараш ин воситаро барои рушди футболи кӯдакону наврасони кишвар масраф намоем. Ҳастанд бозингароне, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаанд ва дар тимҳои хориҷ фаъолият мекунанд, аз ҷумла бештари онҳо дар Русия ба бозӣ машғуланд. Бештари ин бозингарон  мехоҳанд аз номи Тоҷикситон баромад кунанд. Лекин агар онҳоро ба дастаи мунтахаби худ даъват кунем, онҳо ба таври автоматӣ дар Русия легионер ҳисобида мешаванд. Интихоб барои онҳо мушкил аст. Мо бо пешниҳод ба Иттифоқи футболи Русия муроҷиат намудем, аммо то ҳол бенатиҷа. Агар худи бозингар хоҳиш дошта бошад ва талаботи мураббиро ба ҷо орад чаро не? Ҳоло бештари онҳо ҷавонанд.

– Агар номзадҳо дар дастаи мунтахаб дар холати танг қарор гирад, вазъият бо дигар тимҳо чи гуна хоҳад буд?

– Дар ин ҷо низ мушкили тими миллӣ дида мешавад. Тими U-19 каме бештар номзадҳоро дорост, аммо ин низ варианти олӣ нест. Бояд 100-150 нафар футбалистон бозӣ кунанд, ки аз дохили онҳо беҳтаринҳо интихоб гарданд.

Дар тими U-17 кадрҳои патенсиалӣ бештар аст ва онҳоро метавон дар 4-5 тим тақсим кард. Ин ҷо алакай метавон интихоб кард.

Хеле зиёд бозингарон барои U-15 ва U-13 аст. Гап сари он аст, ки мусобиқа байни наврасонро зиёд ба роҳ мондаем. Вақте ба воя мерасанд, барои  тими миллӣ интихоби бозингарон бештар мегардад. Ҳамин тавр, натиҷаи тимро мо бояд босаброна чанд соли дигар интизор шавем. Боварӣ дорам, ки натиҷаи хуб ба даст хоҳем овард. Баъди ду сол, ки онҳо ба гурӯҳҳои синни бузург мераванд, ба ҷойи онҳо насли нав дар мактабҳои футбол омӯзиш мегиранд. Мо ҳоло маҳз бо ҳамин қисмати поёнии пирамидаҳое сару кор дорем, ки тими миллӣ дар қуллаи онҳо ҷойгир шудааст. Мазмуни кору фаъолияти ФФТ оид ба тимҳо аз ҳамин иборат аст.

– Метавонед муфассал дар бораи ташаккули футболи тоҷик маълумот диҳед?

– Аз соли 2013 мусобиқаи кӯдакону наврасонро дар се намуди синну сол ба роҳ мондем. Дар мусобиқа тимҳои зиёд ширкат меварзанд. Дар мусобиқа мисли мусобиқаи байни калонсолон аз байни онҳо низ беҳтарин бозингар дар чорабинии ФФТ пеш аз соли нав мукофотонида мешаванд, ки  ин қаблан набуд. Ғайр аз ин ба наврасоне, ки дар тимҳои махсус шомил нестанд, аммо ба бозии футбол машғуланд, мусобиқаи “Туби чармин” ташкил шудааст. Ғолибони ин мусобиқа низ қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар мусобиқаҳои беруню ба хориҷ равон карда мешаванд. Беҳтарини онҳо баъдан ба мактабҳои касбӣ гузронида мешаванд. Барои оммавикунонии бозии футбол байни кӯдакони ноҳияҳои гуногуни кишвар фестивалҳои махсус гузаронида мешавад, ки ду соли охир 15 ҳазор туб барои бозии футбол тақдим намудаем. Ғайр аз ин, барои ҳавасмандгардонии кӯдакон мусобиқаҳои анъанавӣ, ба монанди ёддошти Черевченко, Маҳмадҷонов, Чулибаев ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Агар дар соли 2012 дар мусобиқаи кӯдакона таҳти сарпарастии ФФТ ҳамаги 18 даста иштирок карда бошанд, то соли 2015 шумораи онҳо ба 1331 расид. Шумораи мусобиқаҳои гуногуни кӯдакона бошад аз ду то 35 намуд афзоиш ёфтааст. Соли 2012 дар мусобиқаҳо 360 бозингари наврас иштирок намуданд, ки соли 2015 ин рақам ба 27 ҳазор расидааст.

Академияи “Истиқлол” дар шаҳраки “Алмосӣ” ба зудӣ Академияи ФФТ-ро таъсис медиҳад, ки дар он зиёда аз 100 кӯдак, аз ду котегорияи синну сол: U-12 ва U-14 таълим мегиранд. Фикр мекунам, ки таъсиси Академияи федератсия барои пешрафти футболи тоҷик мувафаққият меорад. Дар он ҷо беҳтарин истеъдодҳо омӯзиш мегиранд. Сармураббиро бошад аз хориҷи кишвар даъват мекунем, то дар интихоби кӯдакон ба Академияи мазкур ҷӯрабозӣ нашавад. Инчунин бар зидди маълумотҳои бардуруғ, ки дар мусобиқаҳои кӯдакона бо синну соли бузург дар тими хурдсолон бозӣ мекунанд, мубориза бурда мешавад. Дар оянда ҳамин гуна таҳкурсиҳои пурзурро дар тими миллӣ омода созем. Масалан, дар соли 2014 Соли футболи оммавӣ элон гардида буд, ки худи ҳамин сол супоридани мукофоти ФФТ дар “ Эътирофи президенти АФК дар рушди футболи бачагона ва оммавият” доир гардид. Ғайр аз ин соли гузашта Федератсияи мо ба се дастаи инкишофёфтаи Ассосиятсияи АФК шомил гардид.

– Ғайр аз мукаммал намудани футболи бачагона кадом омилҳо метавонанд тими миллиро тақвият диҳанд?    

– Ғайр аз кадр ҳамчунин шарту шароити инфросохторӣ низ лозим аст. Худи шумо шоҳид ҳастед, ки чӣ қадар объэктҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар тамоми минтақаи ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Метавон гуфт, ки танҳо ФФТ бо кӯмаки шарикони худ дар асоси лоиҳаҳои байналмилалӣ ва худӣ се майдони варзишӣ бо рӯйпуши алафи сунӣ сохта ба истифода додем. Дар муддати чор соли охир аз ҷониби намояндагони ВАО мунтазам дар бораи таъсиси майдони футбол пешниҳод гардид. Дар ин муддат зиёда аз даҳҳо майдони хурди футбол таъсиси дода шуд ва ин кор идома дорад, то варзишгарони ҷавон битавонанд тамрин ва бозӣ кунанд. Мехоҳам қайд намоям, ки ФИФА ва АФК лоиҳаи моро дастгирӣ мекунанд. Соли равон тибқи тарҳи АФК дар Тоҷикситон боз чор майдони хурди футбол сохта мешавад.

Мавқеи чемпионат аз натиҷаҳои тим муайян мешавад. Барои соҳиб шудан ба чемпионати муназзаму мукаммал ва клубҳои пурзуру касбӣ кадом чораҳо андешида мешаванд?

Пеш аз ҳама лигаи футболи миллӣ таъсис дода шуд ва низоми қаҳрамонии дохилӣ аз ҳисоби лигаи дуввум мукаммал карда шуд. Бо вуҷуди ин дар клубҳо кор идома дорад, аммо на ба тарзи дилхоҳ. Албатта, буҳрони молиявӣ ҳис карда мешавад, ки дар натиҷа бештари тимҳо ба надоштани захираҳои молиявӣ дучор мегарданд.

Дар ФФТ шуъбаи техникӣ фаъол аст, ки муррабиёнро бо вазифаи ишғолнамудаашон тафтиш мекунад. Қаблан клубҳоро ҳар фарде мехост тамрин медод, ҳоло бошад чунин нест. Барои такмил додани соҳаи маориф ва омодасозии мақоми кадрҳо семинар ва курсҳо гузаронида шуд, ки онҳо дорои литсензияи С,В,А,В гардида, ҳоло бошад чунин кадрҳо клубҳоро идора мекунанд. То ҳол ба вазифаҳои беҳтарин нарсида бошанд ҳам натиҷаҳо вуҷуд доранд. Соли 2013 клубҳои мо дар Ҷоми АФК иштирок намуданд ва соли гузашта дастаи “Истиқлол” то даври финалӣ расид. Аммо бо сабаби набудани рақиби дилхоҳ дар чемпионатҳои дохилӣ дар бозии тимҳои беҳтарин сустшавӣ ба назар мерасид. Набудани системаи муносибат ва тайёр намудани захира дар солҳои гузашта имрӯз эҳсос мешавад. Тавре дар боло зикр карда шуд, дар рушди футболи бачагона ФФТ кор мебарад ва оянда таъсири мусбатро дар чемпионат инъикос менамояд. Чун хатмкунандагони мактабҳо худро дар клубҳо нишон медиҳанд. Чемпионати тавоно-дастаи қавӣ. Ин қоидаҳоро касе бекор накардааст. Моро мебояд бо таҳамулпазирӣ ин мушкилиро паси сар намоем, чун тимҳо мувофиқи имкониятҳои худ ҳам дар мусобиқаҳои дихиливу байналмилалӣ барои натиҷаҳои хуб мубориза мебаранд.

Дар чор сол наметавон тамоми таърихи футболро дигар кардан ва ба мавқеи аввал баровардан ғайриимкон аст. Ҳамаи фаъолиятҳои мо низ дар таҳкими таҳкурсӣ мустаҳкам гардидааст, ки натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Ман ба ин боварӣ дорам.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Азия-плюс”

Добавить комментарий