“Хуҷанд” ва “Барқи тоҷик” – аввалин чорякфиналистони Ҷоми Тоҷикистон-2015 – Федерация Футбола Таджикистана

“Хуҷанд” ва “Барқи тоҷик” – аввалин чорякфиналистони Ҷоми Тоҷикистон-2015

Аввалин дастаҳои иштирокчии марҳилаи чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон маълум шуданд. Инҳо “Барқи тоҷик”-и Душанбе ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд мебошанд, ки мутаносибан “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ва “Канд”-и Конибодомро аз мусобиқа берун карданд.

Дастаҳои дигари иштирокчии марҳилаи 1/4 финал рӯзи 5 август маълум мешаванд.

 

Ҷоми Тоҷикистон. 1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

«КАНД» – «ХУҶАНД» – 0:6

Голҳо: Дилшод Бозоров, 7 (0:1). Дилшод Бозоров, 17 (0:2). Дилшод Бозоров, 24 (0:3). Дилшод Бозоров, 50 (0:4). Фарҳод Тоҳиров, 60 (0:5). Амир Раҳимов, 72 (0:6).

Бозии аввал – 1:9.

 

«БАРҚИ ТОҶИК» «ДАЛЕРОН-УРОТЕППА» 1:2

Голҳо: Фирӯз Юсупов, 11 (1:0). Меҳрулло Бобоев, 20 (1:1). Меҳрулло Бобоев, 52 (1:2).

Бозии аввал – 2:0.

 

5 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

КМВА «ПОМИР» «ПАНҶШЕР»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ (собиқ “Политехникум”)

 

«РЕГАР-ТАДАЗ» «ЧАШМА»

Турсунзода, Варзишгоҳи  «Металлург»

 

«ПАРВОЗ» «ИСТИҚЛОЛ»

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

 

«РАВШАН» «ПОМИР»

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

 

«ИСФАРА» «ВАХШ»

Исфара, Варзишгоҳи марказӣ 

 

«ХАЙР» «САРОЙКАМАР»

Душанбе, Варзишгоҳи «Авиатор»

Добавить комментарий