«Хуҷанд» дархосташро барои иштирок дар Ҷоми КФО-2016 пешниҳод кард – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» дархосташро барои иштирок дар Ҷоми КФО-2016 пешниҳод кард

Витсе-чемпиони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дархосташро барои иштирок дар Ҷоми КФО-2016 пешниҳод намуд. Ба рӯйхати ҳайати даста 23 бозигар шомиланд, ки аз онҳо 3 нафарашон дарвозабон, 8 нафарашон муҳофизатгар, 7 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 5 нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Ба руйхати даста инчунин ду нафар бозигарони собиқи «Истиқлол»-и Душанбе – дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва муҳофизатгар Эраҷ Раҷабов шомиланд. Муҳофизатгарони мунтахаби миллии Тоҷикистон Далерҷон Тухтасунов ва Манучеҳр Ахмедов низ ба ҳайати «Хуҷанд» гузаштанд. Ниммуҳофизон Абдусамад Ҳоҷибоев ва Илҳом Баротов ҳам ба ҳайати дастаи сохили Сирдарё шомил шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии плей-оффи Ҷоми КФО-ро «Хуҷанд» муқобили «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин мегузаронад. Бозӣ рӯзи 9 феврал дар Хеврони Фаластин доир мешавад. Дар сурати ғолибият «Хуҷанд» ба гурӯҳи «D»-и мусобиқа ҳамроҳ мешавад. Рақибони даста дар ин гурӯҳ «Ал-Муҳаррик»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия мешавад.

 

Ҳайати  «Хуҷанд» барои иштирок дар Ҷоми КФО-2016:

Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев, Абдуазиз Маҳкамов, Дилшод Додобоев;

Муҳофизон: Далерҷон Тухтасунов, Манучеҳр Ахмедов, Сафаралӣ Каримов, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Амир Иброҳимов;

Ниммуҳофизон: Илҳомҷон Баротов, Дилшодҷон Каримов, Абдусамад Ҳоҷибоев, Саидҷон Шарипов, Ҳоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Абдумалик Шодиев;

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев, Мубинҷон Муминов, Марифҷон Марифбоев, Дилшод Бозоров.

Ҳайати роҳбарикунанда: Акбар Иброҳимов – менеҷер, Нумонҷон Юсупов – сармураббӣ, Қаноат Латипов – мураббии калон, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо, Мирзомубин Мунавваров – маъмур, Мубинҷон Эргашев – духтур, Абдулатиф Алимов – масҳгар, Далерхӯҷа Отабеков – дафтари матбуотӣ, Абдукаримхони Абдураҳим – тарҷумон.

Добавить комментарий