«Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бозии санҷишӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» бо КМВА «Помир» бозии санҷишӣ мегузаронад

Витсе-чемпиони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки имрӯзҳо дар Душанбе ба бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2016 бо «Аҳлӣ Ал Халил»-и Фаластин омодагӣ мегирад, бозии навбатии санҷишии худро хоҳад гузаронд.

Ҳарифи дастаи соҳили Сирдарё дар ин бозии санҷишӣ КМВА «Помир»-и Душанбе мешавад. Ин бозӣ рӯзи сешанбеи 2 феврал, дар майдони футболбозии сабзааш сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 15:00. Қаблан дар доираи ҷамъомади омӯзишӣ-машқии душанбегӣ дружинаи Нумонҷон Юсупов бо чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозии санҷишӣ гузаронд. Ин бозӣ бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи шанбеи 6 феврал бошгоҳи футболи «Хуҷанд» бо хатсайри ҳавоии транзитӣ тавассути Дубай ба Фаластин парвоз мекунад. Бозӣ бо «Аҳлӣ Ал Халил» рӯзи 9 феврал дар Хеврони Фаластин доир мешавад. Дар сурати муваффақ шудан дар ин бозӣ, «Хуҷанд» дар гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2016 бо «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Фанҷа»-и Умон ва «Ал-Ҷайш»-и Сурия роқобат мекунад.

Добавить комментарий