«Хуҷанд» бо чемпиони Қирғизистон бозии санҷишӣ мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» бо чемпиони Қирғизистон бозии санҷишӣ мегузаронад

Витсе-чемпиони Тоҷикистон бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо чемпиони футболи Қирғизистон «Олой»-и Ош бозии санҷишӣ мегузаронад.

Дар ин бора ба сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов хабар дод. Бозӣ рӯзи панҷшанбеи 21 январ, дар Тоҷикистон доир мешавад. Дар кадом варзишгоҳ баргузор шудани бозӣ айни ҳол аниқ нашудаст. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки дастаи соҳили Сирдарё бозиҳои хонагии худро дар он мегузаронад, бо мақсади омодагӣ ба мавсими нави футбол баста шуда аст. Имконияти баргузор шудани ин бозии санҷишӣ, дар яке аз ду варзишгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – «Хистеварз» ва «Фурудгоҳ» ҷой дорад.

Қобили қайд аст, ки «Олой» ва «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2016 иштирок мекунанд. «Хуҷанд» рӯзи 9 феврал дар сафар ба «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин ва чемпиони Қирғизистон бошад, дар Лубнон бо «Триполи» рақобат мекунанд. Дар сурати ғалба дар ин бозӣ, «Олой» дар як гурӯҳ бо чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе бозӣ хоҳад кард.

Бозӣ бо «Олой» бозии ҷамъбастии санҷишии «Хуҷанд» дар ҷамъомади якуми омӯзишӣ-машқӣ дар Қайроққум мешавад. Қаблан, дар доираи ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ «Хуҷанд» ду бозии санҷишӣ бо «Истиқлол» (1:1 ва 2:2) гузаронд. Аз рӯзи 25 январ ҷамъомади дуюми омӯзишӣ-машқии «Хуҷанд» дар Дукшанбе оғоз мешавад.

Добавить комментарий