«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО баромада натавонист – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО баромада натавонист

Барандаи медалҳои нуқраи чемпионати футболи Тоҷикистон-2015 клуби футболи «Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 баромада натавонист. «Хуҷанд» дар бозии плей-офф аз «Аҳлӣ Ал-Халил»-и Фаластин, ки рӯзи 9 феврал дар варзишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон баргузор гардид, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 мағлуб шуд. Голи ягонаро дар дақиқаи 22-юми вохӯрӣ ҳамлагари «Аҳлӣ Ал-Халил» Маҳмуд Вадӣ ба самар расонда, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 баровард.

Ду дастаи футболи дигари намояндагони Осиёи Марказӣ – «Олой»-и Қирғизистон ва «Балкан»-и Туркманистон низ ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 ҳамроҳ шуда натавонистанд. Чемпиони Қирғизистон дар Лубнон аз «Триполӣ» мағлуб шуд. Замони асосӣ ва ду қисми изофии ин бозӣ мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт. Дар задани зарбаҳои пеналтӣ бошад бахти соҳибони майдон баландӣ кард. Витсе-чемпиони Туркманистон клуби футболи «Балкан» бошад, дар сафар аз «Ал-Ваҳда»-и Сурия бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд.  Боз як иштирокчии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 клуби футболи «Ал-Халид»-и Баҳрайн шуд. «Ал-Халид» дар майдони худ «К-Электрик»-и Покистонро бо ҳисоби 2 бар 0 мағлуб кард.

 

Ҷоми КФО-2016. Бозии плей-офф

«Аҳлӣ Ал-Халил» (Фаластин) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – 1:0

Гол: Маҳмуд Вади, 22.

«Аҳлӣ Ал-Халил» (Ҳеврон, Фаластин): Азми Ал-Швейки, Мохаммед Ал-Бадан, Махмуд Давуд, Шади Шабан, Халдун Халман (Хусейн Хасан, 87), Махмуд Вади (Мосаб Абусалем, 62), Абдалла Джабер, Джонатан Зоррилла, Фади Двайк, Ахмед Махаджна, Ахмед Вридат (Роберто Кетлун, 69).

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Алишер Тӯйчиев, Далерҷон Тухтасунов, Соҳибҷон Ҳакимов, Эраҷ Раҷабов, Манучеҳр Ахмедов, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов (Дилшодҷон Каримов, 81), Ҳоҷибой Зиёев, Илҳом Баротов, Дилшод Бозоров (Саидҷон Шарипов, 63), Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 73).

Огоҳонида шуданд: Шади Шабан («Аҳлӣ Ал-Халил»), Ҳасан Рустамов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Джонатан Зоррилла («Аҳлӣ Ал-Халил»).

Сардовар: Адҳам Моҳаммед Маҳадмеҳ (Урдун).

Комиссари бозӣ: Салкин Бин Саркави (Сингапур).

9 феврал. Ҳеврон (Фаластин).Варзишгоҳи «Дура». 5000 тамошобинон.

 

«Триполи» (Лубнон) – «Олой» (Қирғизистон) – 0:0. Бо пеналтӣ – 7:6

 

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Балкан» (Туркманистон) – 2:0

 

«Ал-Хидд» (Баҳрайн) – «К-Электрик» (Покистон) – 2:0

Добавить комментарий