Футзалистони Тоҷикистон ба хайрият ба Тошканд расиданд – Федерация Футбола Таджикистана

Футзалистони Тоҷикистон ба хайрият ба Тошканд расиданд

Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 14-умин чемпионати футзали Осиё ба хайрият ба Тошканд расид. Чемпионати футзали Осиё-2016 аз 10 то 21 феврал дар маҷмааҳои варзишии «Узбекистон» ва «Универсал» доир мегардад.

Футзалистони тоҷик дар меҳмонхонаи «Узбекистон» ҷойгир шуданд. Дар ин меҳмонхона, инчунин мунтахабҳои футзали гурӯҳи «С» (Таиланд, Ветнам,Тайбэи Чин) ва гурӯҳи «D» (Япония, Австралия, Малайзия, Қатар) истиқомат мекунанд.

Бегоҳ, соати 18:45 мунтахаби футзали Тоҷикистон дар майдончам маҷмааи варзишии «Универсал» тамрин кард. Тамрини даста 45 дақиқа идома ёфта, дар он ҳамаи 14 нафар бозигарони мунтахаби миллӣ ширкат карданд.

Пагоҳ, 10 феврал, чемпионати футзали Осиё оғоз мешавад. Барои бори сеюм аст, ки марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа дар Тошканд гузаронида мешавад.  Дар майдонҳои маҷмааҳои варзишии «Узбекистон» ва «Универсал» дастаҳои мунтахаби гурӯҳҳои «А» ва «В»  ба рақобат шурӯъ мекунад. Барои намояндагони дастаҳои мунтахаби гурӯҳҳои «С» ва «D» соати 10:00 дар меҳмонхонаи «Интернешнл Ташкент» ҷаласаи машваратӣ доир мешавад, ки дар он сару либоси бозикунии дастаҳо тасдиқ мегардад. Соати 12:00 бошад, ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ сармураббиёни дастаҳо посух медиҳанд.

Богоҳӣ бошад соати 17:0 мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Ёшлик» машғулиятҳои тамринии худро мегузаронад.

Рӯзи 11 феврал мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон баромади худро дар гурӯҳи «С»-и мусобиқа оғоз мекунад. Рақиби футзалистони мо дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳӣ, яке аз пешсафони футзали осиёӣ, мунтахаби миллии Таиланд мебошад. Огози бозӣ соати 16:30.

Баъд аз ду рӯз, дар даври дуюми мусобиқа дружинаи Ҳусейн Шодиев бо мунтахаби футзали Ветнам рақобат мекунад. Оғози ин бозӣ соати 19:00 ба нақша гирифта шудаст. Дар даври ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби футзали Тоҷикистон бо мунтахаби Тайбэи Чин вомехӯрад. Ин вохӯрӣ низ соати 19:00 шурӯъ мешавад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки мунтахаби футзали Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Универсал» доир мешаванд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба марҳилаи чорякниҳоии мусобиқа роҳхат мегиранд. Дар сурати баромадан ба марҳилаи чорякниҳоӣ командаи Ҳусейн Шодиев бо яке аз чор дастаи гурӯҳи «D» – Япония, Австралия, Малайзия ва ё Қатар вомехӯрад.

Қайд мекунем, ки панҷ дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2016 ба марҳилаи ниҳои чемпионати футзали ҷаҳон-2016, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд.

 

Тақвими бозиҳои чемпионати футзали Осиё -2016

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Қирғизистон, Лубнон, Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи «В»: Эрон, Ироқ, Хитой, Урдун.

Гурӯҳи «С»: Таиланд, Ветнам, Таёбэи Чин, ТОҶИКИСТОН.

Гурӯҳи «D»: Япония, Австралия, Малайзия, Қатар.

 

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ

10 феврал (чоршанбе)

16:00 – Ироқ – Хитой. Маҷмааи варзишии «Универсал»

16:00 – Лубнон – Қирғизистон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Урдун – Эрон. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Узбекистон – Арабистони Саудӣ. Маҷмааи варзишии «Узбекистон» 

11 феврал (панҷшанбе)

16:30 – Таиланд – ТОҶИКИСТОНМаҷмааи варзишии «Универсал»

16:30 – Япония – Қатар. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Ветнам –Тайбэи Чин. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Австралия – Малайзия. Маҷмааи варзишии «Узбекистон» 

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Хитой – Эрон. Маҷмааи варзишии «Универсал»

16:30 –Арабистони Саудӣ – Лубнон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон» 

19:00 – Урдун – Ироқ. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Қирғизистон – Узбекистон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»  

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайбэи Чин – Таиланд. Маҷмааи варзишии «Универсал»

16:30 – Малайзия – Япония. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»  

19:00 – ТОҶИКИСТОН – Ветнам. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Қатар – Австралия. Маҷмааи варзишии  «Узбекистон»

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:30 – Хитой – Урдун. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Узбекистон – Лубнон. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ. Маҷмааи варзишии «Универсал»

15 феврал (душанбе)

16:30 – Япония – Австралия. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:30 – Малайзия – Қатар. Маҷмааи варзишии «Универсал»

19:00 – Таиланд – Ветнам. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 –Тайбэи Чин – ТОҶИКИСТОНМаҷмаи варзишии «Универсал»

 

Бозиҳои 1/4 финалӣ

17 феврал (чоршанбе) 

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:00 – 1 «С» – 2 «D». Маҷмаи варзишии «Универсал»

19:00 – 1 «В» – 2 «А». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – 1 «D» – 2 «С». Маҷмаи варзишии «Универсал»

Плей-офф барои ҷои 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлуби 1 «А»/2 «В» – Мағлуби 1 «С»/2 «D».  Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

16:00 – Мағлуби 1 «В»/2 «А» – Мағлуби 1 «D»/2 «С». Маҷмаи варзишии «Универсал»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷои 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» – Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С». Маҷмаи варзишии «Универсал»

Бозиҳои 1/2 финалӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» – 1 «С»/2 «D». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» – 1 «D»/2 «С». Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

19:00 – Финал. Маҷмааи варзишии «Узбекистон»

Добавить комментарий