Мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон, ки дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии чемпонати Осиё-2016, ирӯзҳо дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ мегузаронад, бо мунтахаби миллии футзали ин мамлакат бори дуюм бозии санҷишӣ гузаронд.
Ин бор шогирдони Ҳусейн Шодиев хуб ҳунарнамоӣ намуда, вохӯриро бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом доданд. Ҳусейн Шодиев нисбат ба вохӯрии якум бо соҳибони паркет (3:5) ҳамагӣ дар ҳайати даста як тиғйирот ворид намуд. Дар ҳайати аввалӣ ба ҷои Ораз Ализода Некрӯз Алимаҳмадов ба майдон баромад. Голҳои мунтахаби футзали моро дар ин вохӯрӣ Раҳмоналӣ Шарипов, дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ва капитани даста Шерзод Ҷумаев ба самар расониданд.
Имрӯз, 9 август, мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон аз Дубай ба Ал-Кувайти давлати Кувайт сафар намуда, гузаронидани ҷамъомади омӯзишяшро дар он ҷо идома медиҳад. Инчунин дар Ал-Кувайт баргузории ду бозии санҷишӣ бо мунтахаби миллии футзали Кувайт дар назар дошта шудаст.
Бозии дӯстона
ИМА – ТОҶИКИСТОН – 3:3
Голҳо: Абдулкарим Ҷамил, Умар Муҳаммад, Адил Ҳасан – Раҳмоналӣ Шарипов, Шерзод Ҷумаев, Фирӯз Бекмуродов.