Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи мамлакат, қуръакашии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуд.
Дар ин марҳла дар минтақаи Душанбе 13 даста иштирок мекунад, ки инҳо – «Амонатбанк», «Помир», «Бонки миллӣ», «Динамо», «Пойтахт», «Сафариён», «Ҷаҳоннамо», «Tcell», «ДИСИ Инвест-2», «Қараболо», ТГМУ «Сино», «Билайн» (ҳама аз Душанбе) ва «Қалъаи Ҳисор» (Ҳисор).
Бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Тоҷикстандарт» дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт доир мешаванд.
9 январ (шанбе)
8:00 – «Амонатбанк» – «Помир»
9:00 – «Бонки миллӣ» – «Динамо»
10:00 – «Пойтахт» – «Сафариён»
11:00 – «Ҷаҳоннамо» – «Tcell»
12:00 – «ДИСИ Инвест-2» – «Қалъаи Ҳисор»
13:00 – «Қараболо» – ТГМУ «Сино»
10 январ (якшанбе)
8:00 – «Помир» – «Амонатбанк»
9:00 – «Динамо» – «Бонки миллӣ»
10:00 – «Сафариён» – «Пойтахт»
11:00 – «Tcell» – «Ҷаҳоннамо»
12:00 – «Қалъаи Ҳисор» – «ДИСИ Инвест-2»
13:00 – ТГМУ «Сино» – «Қараболо»
Инчунин қуръакашии марҳилаи дуюми бозиҳои плей-оффи Ҷоми Тоҷикистон-2016 низ доир гардид:
ТКБ «Лизинг» (Душанбе) – «ДИСИ Инвест» (Душанбе)
«Сипар» (Хуҷанд) – дастаи ҷои дуюми минтақаи Душанбе
«Формула успеха» (Душанбе) – «Самандар» (Турсунзода)
«Эсхата» (Кӯлоб) – «Газпром» (Душанбе)
«Соро компания» (Душанбе) – «Шапарак» (Хуҷанд)
Бозиҳои аввал рӯзи 5 ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзи 12 март доир мешаванд.