Финали Ҷоми КФО-2015: ҷаласаи машваратии пеш аз бозӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Финали Ҷоми КФО-2015: ҷаласаи машваратии пеш аз бозӣ

Дар арафаи баргузории бозии финалии Ҷоми КФО-2015 миёни «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) дар меҳмонсарои «Хаятт Риҷенси Душанбе» ҷаласаи машваратии анъанавии пеш аз бозӣ доир гардид.

Дар ҷаласа масъулони боругзории бозӣ ва ҳайати намояндагии ҳар ду даста ширкат доштанд. Дар баробари дигар масъалаҳои марбут ба ташкилу баргузории вохӯрӣ инчунин либосҳои бозикунии бозигарони дастаҳо баррасӣ шуд.

Қарор шуд, ки дар бозии пагоҳӣ «Истиқлол» бо либосҳои сурх ва футболбозони «Ҷоҳор Дарул Такзим» бо либосҳои сафед ба майдон мебароянд.

Ёдрас мешавем, ки бозии финалии Ҷоми КФО-2015 пагоҳ, 31-уми октябр, соати 16.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Добавить комментарий