Ду голи Наполеон ба дарвозаи КМВА «Помир» – Федерация Футбола Таджикистана

Ду голи Наполеон ба дарвозаи КМВА «Помир»

Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии даври аввали чемпионати имсолаи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бар КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.

Ҳар ду голи ваҳдатиҳоро легионери африқоитабори даста аз давлати Гана Андох Наполеон ба самар расонид. Дар бозии байни «Вахш» ва «Парвоз» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа як голи задаи Муҳаммадҷони Ҳасан тақдири вохӯриро ба фоидаи соҳибони майдон ҳал кард. Бозии байни «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Металлург» мусовӣ 2 бар 2 анҷом шуд. Чунин аст натиҷаи се бозии боқимондаи даври якуми чемпионати 24-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ.

Ёдовар мешавем, ки чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ифтитоҳии чемпионати имсола, ки рӯзи 9-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2 бар 0 маѓлуб кард.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

«ИСТИҚЛОЛ» «ХУҶАНД» 2:0

Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (2:0). Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи дастаи худ (2:0).

«ВАХШ» «ПАРВОЗ» 1:0

Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 50.

«ХАЙР» КМВА «ПОМИР» 2:0

Голҳо: Наполеон Андох, 71 (1:0). Наполеон Андох, 75 (2:0).

«РЕГАР-ТАДАЗ» «РАВШАН» 2:2

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 7 (0:1). Комрон Турсунов, 31 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 41 (2:1). Сайдамири Сайдаҳтам, 49 (2:2).

Аз майдон ронда шуд: Музаффар Сироҷиддинов («Регар-ТадАЗ»), 89.

 

    Бозӣ Ғалаба Мусовӣ Бохт Т/Т Ммтиёз
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 2-0 3
2 «Хайр» (Ваҳдат) 1 1 0 0 2-0 3
3 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 1 0 0 1-0 3
4 «Равшан» (Кӯлоб) 1 0 1 0 2-2 1
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 1 0 2-2 1
6 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 0 0 0 0 0-0 0
7 «Барқи тоҷик» (Душанбе) 0 0 0 0 0-0 0
8 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 1 0 0 1 0-1 0
9 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 0 0 1 0-2 0
10 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 0 1 0-2 0

Нишонзан: Наполеон АНДОХ («Хайр») – 2 тӯб.

Добавить комментарий