Витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии даври аввали чемпионати имсолаи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бар КМВА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.
Ҳар ду голи ваҳдатиҳоро легионери африқоитабори даста аз давлати Гана Андох Наполеон ба самар расонид. Дар бозии байни «Вахш» ва «Парвоз» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа як голи задаи Муҳаммадҷони Ҳасан тақдири вохӯриро ба фоидаи соҳибони майдон ҳал кард. Бозии байни «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва чемпиони дукаратаи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Металлург» мусовӣ 2 бар 2 анҷом шуд. Чунин аст натиҷаи се бозии боқимондаи даври якуми чемпионати 24-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ.
Ёдовар мешавем, ки чемпиони феълии Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии ифтитоҳии чемпионати имсола, ки рӯзи 9-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2 бар 0 маѓлуб кард.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
«ИСТИҚЛОЛ» – «ХУҶАНД» – 2:0
Голҳо: Нуриддин Давронов, 69 (2:0). Соҳиб Ҳакимов, 90+1 – ба дарвозаи дастаи худ (2:0).
«ВАХШ» – «ПАРВОЗ» – 1:0
Гол: Муҳаммадҷони Ҳасан, 50.
«ХАЙР» – КМВА «ПОМИР» – 2:0
Голҳо: Наполеон Андох, 71 (1:0). Наполеон Андох, 75 (2:0).
«РЕГАР-ТАДАЗ» – «РАВШАН» – 2:2
Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 7 (0:1). Комрон Турсунов, 31 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 41 (2:1). Сайдамири Сайдаҳтам, 49 (2:2).
Аз майдон ронда шуд: Музаффар Сироҷиддинов («Регар-ТадАЗ»), 89.
Бозӣ | Ғалаба | Мусовӣ | Бохт | Т/Т | Ммтиёз | ||
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
2 | «Хайр» (Ваҳдат) | 1 | 1 | 0 | 0 | 2-0 | 3 |
3 | «Вахш» (Қӯрғонтеппа) | 1 | 1 | 0 | 0 | 1-0 | 3 |
4 | «Равшан» (Кӯлоб) | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
5 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 1 | 0 | 1 | 0 | 2-2 | 1 |
6 | «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
7 | «Барқи тоҷик» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 |
8 | «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-1 | 0 |
9 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
10 | КМВА «Помир» (Душанбе) | 1 | 0 | 0 | 1 | 0-2 | 0 |
Нишонзан: Наполеон АНДОХ («Хайр») – 2 тӯб.