Доварони Япония бозии «Истиқлол» ва «Олой»-и Қирғизистонро ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони Япония бозии «Истиқлол» ва «Олой»-и Қирғизистонро ҳакамӣ мекунанд

Бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро (КФО) бо иштироки дастаҳои «Истиқолол»-и Душанбе ва «Олой»-и шаҳри Ош доварон аз  Япония ҳакамӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ 18 апрел, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҳироюки Кимураи 34-сола довари майдон буда ба ӯ Наги Тошиюги ва Синдзи Очӣ кӯмак мерасонанд. Довари эҳтиётӣ Аҳмад Ёқуб Иброҳим аз Урдун таъин шудааст.

Нозири доварон Анас Ҳоқон аз Австралия ва комиссари бозӣ Башир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон мебошанд.

Ҳироюки Кимура 21 бозии байналмилалиро ҳакамӣ карда, як пеналтӣ таъин намудааст ва ба 59 бозингар  корти зард нишон дода, се нафарро аз майдон рондааст.

Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «Д» -и бозиҳои Ҷоми КФО бо 4 имтиёз пешсаф мебошад ва ҳарифи ӯ чемпиони Қирғизистон- «Олой»  то ҳол ягон имтиёзе ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин қарор дорад.

Добавить комментарий