Доварони ду бозии навбатии тими миллӣ маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони ду бозии навбатии тими миллӣ маълум шуданд

Довароне, ки ду бозии навбатии мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар доираи рақобатҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 бо мунтахабҳои Қирғизистон (8 октябр, Бишкек) ва Урдун (13 октябр, Амман) хизматрасонӣ мекунанд, маълум шуданд.

Бозии даври панҷуми мусобиқаро байни мунтахабҳои миллии Қирғизистону Тоҷикистон, ки рӯзи 8 октябр дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзакови шаҳри Бишкек доир хоҳад шуд, бригадаи доварони эронӣ бо сардории рефери 35-солаи ФИФА Муд Боянидифар ҳакамӣ мекунад. Боянидифар сар аз соли 2013 рефери ФИФА аст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш, ёварони рефери ФИФА Ризо Сохандани 41-сола ва Муҳаммадризо Мансурии 37-сола кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро дар ин бозӣ, рефери 35-солаи ФИФА Бежани Ҳайдарӣ ба зимма дорад. Доварони вохӯриро Валтер Эдвард Перейра аз Ҳиндустон назорат мекунад. Комиссари бозӣ Сивакумар аз давлати Сингапур таъин шудааст. Сивакумар дар бозии якуми марҳилаи чорякфиналии Ҷоми АФК байни “Истиқлол” ва “Паҳанг” (4:0) ба ҳайси комиссар ба Душанбе омада буд.

Бозии даври шашум дар гурӯҳи “В” байни мунтахабҳои миллии Урдуну Тоҷикистон рӯзи 13 октябр дар Амман баргузор мешавад. Ин бозиро ҳайати доварон аз Умон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери 44-солаи ФИФА Абдулло Муҳаммад Масуд Ал-Хилали таъин шудаст. Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 16 сентябр бозии ҷавобии марҳилаи якчорниҳоии Ҷоми АФК-2015 байни “Паҳанг” ва “Истиқлол”-ро ҳам Ал-Хилали доварӣ мекунад. Дар бозии байни мунтахабҳои Урдуну Тоҷикистон довари умониро, ки касби асосияш хизматчии ҳарбӣ мебошад, дар канори майдон Ҳамид Сулаймон Мархун Ал-Майяҳи 40-сола ва Абдулло Муборак Муҳаммад Ал-Шаммахи 37-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии ин бозиро рефери 28-солаи ФИФА Маҳмуд Салим Саид Ал-Маджарфи иҷро мекунад. Нозири доварон Ала Абед Ал-Кадер Ал-Абади аз Ироқ ва комиссари бозӣ Руфус Принс аз Ҳиндустон таъин шудаанд.

Ёдовар месозем, ки баъд аз чор давр дар гурӯҳи “В” мунтахаби Австралия бо 9 имтиёз дар мақоми аввал, мунтахаби Урдун бо 7 имтиёз дар ҷои дуюм ва мунтахаби Қирғизистон бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм қарор доранд. Мунтахабҳои Тоҷикистону Бангладеш як имтиёзӣ дошта, мутаносибан дар зинаҳои чоруму панҷуми гурӯҳи “В” қарор доранд.

Добавить комментарий