Бозии ифтитоҳии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 байни чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ал-Файсалӣ»-и Урдунро, ҳайати доварон аз Ветнам бо сардории рефери ФИФА Во Мин Три ҳакамӣ мекунанд.
Во Ман Триро дар канори майдон ҳамватанонаш Пам Ман Лонг ва Нгуен Трунг Хау кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Фераса Тавила аз давлати Сурия ба зимма дорад. Нозири доварон Юсуф Мирзо Рустом аз Арабистони Саудӣ ва комиссари бозӣ Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон таъин шуданд.
Во Мин Три аз соли 2001 рефери ФИФА мебошад. Дар ин давра ӯ 82 бозии байналмилалиро ҳакамӣ кардааст. Во Мин Три дар ин давраи кори худ 12 маротиба ҷаримаи пеналти таъин карда, 285 маротиба ба бозигарон корти зард ва 10 маротиба корти сурх нишон додаст.
Во Мин Трии 44 сола қаблан шаш маротиба вохӯриҳоро бо иштироки дастаҳои футболи Тоҷикистон доварӣ кардаст. Соли 2007 ӯ дар бозии нимфиналии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё байни «Регар-ТадАз»-и Турсунзода ва бошгоҳи футболи «Махендра Полис Клаб»-и Непал (1:2) вазифаи сардовариро иҷро намуд. Соли 2008 бошад мавсуф бозии марҳилаи ниҳоии Ҷоми КФО байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистон ва Афғонистонро (4:0) доварӣ кард. Дар мавсими футболи соли 2009 Во Мин Три дар марҳилаи интихобии Ҷоми президенти КФО бозии байни «Регар-ТадАз» ва ВАПДА (Покистон)-ро (0:0) ҳакамӣ намуд. Соли 2011 Во Мин Три бозии марҳилаи интихобии ҶҶ-2014 байни дастаҳои мунтахаби милии ҶХДК ва Тоҷикистонро (0:0) хизматрасонӣ кард. Инчунин ин рефери ветнамӣ ба сифати сардовар дар доираи вохӯриҳои Ҷоми КФО-2013 бозии «Регар-ТадАз» бо СК Кувайтро (1:3) доварӣ кардааст. Соли 2014 бошад, Во Мин Три дар доираи Бозиҳои Осиёӣ вохӯрии Тоҷикистон-Уммонро (1:0) ҳакамӣ намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври ифтитоҳии Ҷоми КФО-2016 дар квартети «В» байни «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Ал-Файсалӣ» (Урдун) рӯзи 23 феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16.00. Ногуфта намонад, ки «Ал-Файсалӣ» солҳои 2005 ва 2006 пайдарҳам ғолиби Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё шудааст.