Доварони бозиҳои боқимондаи «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2015 – Федерация Футбола Таджикистана

Доварони бозиҳои боқимондаи «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2015

Ҳайати доварони хизматрасони се бозии боқимондаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 маълум шуд.

Бозии навбатии чемпиони секаратаи Тоҷикистонро бо «Ал-Қадсия»-и Кувайт, ки рӯзи 15 апрел, соати 18.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад, ҳайати доварон аз Ҳиндустон бо роҳбарии Пратап Сингх ҳакамӣ мекунанд.

Доварони бозии «Истиқлол» дар доираи даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015 бо «Эрбил»-и Ироқ аз Сурия мебошанд. Сардовари бозӣ Масуд Туфайлӣ таъин шудаст. Ин бозӣ бо сабаби нооромиҳо дар Ироқ, дар майдони бетараф, дар Дохаи Қатар доир мешавад.

Бозии даври шашум ва ҷамъбастии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2015-ро, ки дар доираи он «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Аҳал»-и Туркманистонро қабул мекунад, ҳайати доварон аз Бангладеш бо сардории рефери ФИФА Таиб Ҳасан ҳакамӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ соати 20.45 оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки айни замон баъди се давр «Истиқлол» дар гурӯҳи «С» бо чор имтиёз мақоми дуюмро ишғол мекунад. Новобаста ба оне, ки чемпиони мо имсол барои бори аввал дар ин сабқат ширкат мекунад ва ҳам дар гурӯҳ рақибонаш таҷрибадору пурқувват ҳастанд, коршиносон бар он назаранд, ки дружинаи Мубин Эргашев имконияти пурраи ба даври 1/8 ниҳоӣ баромаданро дорад.

Ҷоми КФО-2015. Марҳилаи гурӯҳӣ. Гурӯҳи «С»

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

Оғоз: соати 18.00

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Ал-Қадсия» (Кувайт)

Сардовар: Пратап Сингх (Ҳиндустон).

Ёварон: Сапам Кеннеди, Моирангтхем Магхо Сингх (ҳар ду аз Ҳиндустон).

Довари эҳтиётӣ: Банерджи Пранджал (Ҳиндустон).

Нозири доварон: Масуд Хасанали Моради (Эрон).

Комиссари бозӣ: Кумар Джунг Тхапа (Непал).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

Оғоз: соати 21.00

«Эрбил» (Ироқ) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

Сардовар: Масуд Туфайли (Сурия).

Ёварон: Закария Канат, Али Ахмад (ҳар ду аз Сурия).

Довари эҳтиётӣ: Ферас Тавил (Сурия).

Нозири доварон: Масуд Хасанали Моради (Эрон).

Комиссари бозӣ: Джаясурия Де Силва (Шри-Ланка).

Доха (Қатар), Варзишгоҳи «Сауд Бин Абдулрахман».

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

Оғоз: соати 20.45

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Аҳал» (Туркманистон)

Сардовар: Таиб Хасан (Бангладеш).

Ёварон: Фердоус Ахамед, Манир Ахмад Дхали (ҳар ду аз Бангладеш).

Довари эҳтиётӣ: Мизанур Рахман (Бангладеш).

Нозири доварон: Насер Ал-Гафари (Урдун).

Комиссари бозӣ: Лиу Чжин Сонг (Чин).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. Eurogrand -kasinon arvostelu – Netticasino

Добавить комментарий