Давронҷон Эргашев ба «Тараз»-и Қазоқистон гузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Давронҷон Эргашев ба «Тараз»-и Қазоқистон гузашт

Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев, ки ниммаи аввали мавсими футболи имсоларо дар «Истиқлол»-и Душанбе гузаронд, ба клуби футболи «Тараз»-и Қазоқистон шартнома баст. «Тараз» айни замон дар ҷадвали Премер-лигаи Қазоқистон зинаи охиринро ишғол мекунад.

Давронҷон Эргашевро дар Қазоқистон аз баромадаш дар ҳайати «Жетису» хуб мешиносанд. Дар мавсими футболи соли 2013 Давронҷон Эргашев дар ҳайати «Жетису» 28 бозӣ гузаронд, аммо баъд бо даъвати Юрий Сёмин ба «Габала»-и Озарбойҷон гузашт. Баъди ним соли баромад дар «Габала» муҳофизатгари тоҷик боз ба Талдиқӯрғон баргашта карераи бозикунияшро он ҷо давом дод.

Добавить комментарий