Сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикиятон Давлатманд Исломов (дар расм – якум аз тарафи рост) ба ҳайси комиссар дар бозиҳои гурӯҳи “В”-и марҳилаи квалификатсионии Ҷоми КФО-2016 таъин гардид.
Марҳилаи квалификатсионии мазкур аз 11 то 15 август дар Варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек доир мешавад. Барои роҳхати ягона ба марҳилаи баъдии Ҷоми КФО-2016 се даста – “Олға” (Қирғизистон), “Шайх Ҷамал” (Бангладеш) ва “Каса Бенфика” (Макао) рақобат мекунанд. Бозиҳои аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм баргузор мешаванд.