Дарвозабони “Хуҷанд” Абдуазиз Маҳкамов дар чемпионати Қирғизистон бозӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Дарвозабони “Хуҷанд” Абдуазиз Маҳкамов дар чемпионати Қирғизистон бозӣ мекунад

Дарвозабони 28-солаи тоҷик Абдуазиз Маҳкамов карераи бозигарии худро дар чемпионати Қирғизистон идома хоҳад дод.

Клуби нави Абдуазиз Маҳкамов чемпиони дукаратаи Қирғизистон “Олой”-и Ош шуд. “Олой” дар марҳилаи пешакии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 аз “Триполи”-и Лубнон мағлуб шуда, ба марҳилаи гурӯҳии мусбиқа баромада натавонист. Дар “Олой” дарвозабони тоҷик таҳти рақами 1 баромад хоҳад кард. Мависми нави футболи Қирғизистон пагоҳ оғоз мешавад. Дар чемпионат ҳамагӣ ҳафт даста иштирок хоҳанд кард. Дар даври якум клуби Маҳкамов дар меҳмонӣ бо “Абдиш-Ата”-и Кант вомехӯрад.

Ёдовар мешавем, ки дар мависми соли гузашта Абдуазиз Маҳкамов дар “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба ҳайси дарвозабони эҳтиётӣ баромад намуд. Қаблан Маҳкамови 28-сола ба ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ҷалб шуда буд, аммо дар ягон бозии он иштирок надошт.

Добавить комментарий