Пас аз бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хайр»-и Ваҳдат, ки пагоҳ, 14-уми апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир мешавад, бозии лотореяи варзишӣ баргузор мешавад, ки бурди олии он автомобили тамғаи «Мерседес» аст.
Он гуна, ки ба торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон президенти клуби футболи «Равшан» Музаффар Исҳоқов хабар доданд, ҳар як мухлиси ба варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб омадаро навгонии хуш интизор аст. Чиптаҳои воридшавии бозӣ, ки нархи онҳо ҳамагӣ 10 сомониро ташкил мекунад бурдноканд. Баъд аз анҷоми бозии байни «Равшан» – «Хайр» бозии лотореяи варзишӣ гузаронида мешавад ва шахси хуштолеъ варзишгоҳро савори автомобили «Мерседес-Бенс» тарк мекунад.
Даромадан ба бозӣ тавассути чиптаҳо, ки фурӯши онҳо алакай оғоз шудаст, сурат мегирад. Як чипта ҳамагӣ 10 сомонӣ арзиш дорад.