Дар варақаи дархости «Хуҷанд» 24 бозигар номнавис шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар варақаи дархости «Хуҷанд» 24 бозигар номнавис шуд

Клуби футболи соҳили Сирдарё, ки дар мавсими футболи соли гузашта ҳамагӣ зинаи чаҳоруми ҷадвали мусобиқаро ишғол карда буд, имрўз, 3-юми апрел, ба Лигаи милии футболи кишвар барои иштирок дар чемпионати 24-уми Тоҷикистон рўйхати дархости дастаро пешниҳод намуд.

Рўйхати дархости «Хуҷанд» аз 24 бозигар иборат аст, ки аз онҳо 2 нафарашон дарвозабон, 7 нафарашон муҳофизатгар, 10 нафарашон ниммуҳофизатгар ва 5 нафарашон ҳамлагар мебошанд.

Дарвозабони мунтахаби милии Қирғизистон Валерий Кашуба баъди гирифтани сертификати байналмилалии трансферӣ (ITC) номнавис мешавад.

Дархости клуби футболи «Хуҷанд» барои иштирок дар мавсими футболи соли 2015:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов, Валерий Кашуба (Қирғизистон);

Муҳофизон: Соҳибҷон Ҳакимов, Сергей Абрамов, Манучеҳр Ахмедов, Комрони Мирзохон, Сафаралӣ Каримов, Раҳматҷон Ҷумъабоев, Абдурауф Раҳматҷонов;

Ниммуҳофизон: Дилшод Каримов, Фирўз Бобиев, Иброҳим Рабимов, Бахтиёр Чориев, Вайсиддин Сафаров, Ҷаҳонгир Алиев, Ҷалол Деҳқонбоев, Мирзобаҳром Мирзошарипов, Мубин Абдураҳмонов, Мирзошариф Ҳасанов;

Ҳамлагарон: Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Ҳамроқулов, Фарҳод Тоҳиров, Фахриддин Ахмедов.

Ҳайати роҳбарикунанда: Рустам Марофиев – директори клуб, Акбар Иброҳимов – сардори даста, Аҳлиддин Юнусов – менеҷер, Нумонҷон Юсупов – сармураббӣ, Қаноат Латипов – мураббии калон, Фаррух Бердиев – мураббии дарвозабонҳо, Мирзомубин Мунавваров – маъмур, Абдулатиф Алимов ва Суҳайл Ҳамидов – духтурон, Фаррух Марофиев – дафтари матбуотӣ.

Добавить комментарий