Дар меҳмонхонаи «Вахш»-и Душанбе аз 9 то 13 феврал семинари омӯзишӣ-методӣ барои нозирони хизматрасони мусобиқаҳои Федератсяи футболи Тоҷикистон доир гардид.
Дар семинар 24 нафар номзадҳо ба нозирии бозиҳои мавсими нави футболи Тоҷикистон иштирок намуданд. Семинарро дастурдиҳандагон, реферони собиқи ФИФА Абдураҳмим Бобоев ва Равшан Ишматов роҳбарӣ карданд. Ҳамоҳангсози семинар – роҳбари департаменти баргузории мусобиқаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов буд.
Дар семинари мазкур нозирон ба таври тестӣ имтиҳон шуданд. Ба иттилои дастурдиҳандаи семинар Абдураҳим Бобоев, натоиҷи беҳтарро дар тест-имтиҳонҳо собиқ бозигари мунтахаби миллии Тоҷикистон Шӯҳрат Шамсиев аз Истаравшан (88 имтиёз), собиқ ёвари рефери ФИФА Насриддин Азизов аз Қабодиён (85 имтиёз) ва Юсуф Ишматов аз Қӯрғонтеппа (82 имтиёз) соҳиб шуданд.
Нозирон инчунин аз рӯи пур кардани протоколи бозӣ низ ба таври хатӣ санҷиш супориданд. Дар ин санҷиш Муминҷон Ҳамидов (Хуҷанд), Пӯлод Қодиров ва Раҳимҷон Шарипов (Душанбе) пешсаф шуданд.
Номзадҳое, ки имтиҳону санҷишҳоро муваффақона супориданд ба хизматрасонии сабқатҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон, аз ҷумла бозиҳои чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи оливу якум ва ҳайати ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ роҳ дода мешаванд.