Дар доираи барномаҳои рушди лигаҳои Конфедератсияи футболи Осиё, имрӯз 12 июл, дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» семинари байналмилалии КФО барои духтурони клубҳои футболи Тоҷикистон оғоз шуд.
Семинари мазкурро дастурдиҳандагон – сардори кумитаи тиббии КФО Дато Гурчаран Сингх (Малайзия) ва аъзои ин кумита Зуҳра Ҳаротиён (Эрон) роҳбарӣ мекунанд. Дар маросими ифтитоҳи семинар директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев, роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ва сардори департаменти баргузории мусобиқаҳои ФФТ Алишер Урунов иштирок карданд.
Дар баромади худ онҳо ба АФК барои дар Тоҷикистон доир гардонидани чунин семинарҳмуфид изҳори сипосгузорӣ баён намуда ба шунавандагон дар давоми баргузории машғулиятҳо барору комёбиро таманно карданд.
Барномаи кории семинар аз машғулиятҳои амаливу назариявӣ иборат буда мавзуҳои муҳими тибби варзишӣ ба монанди: вазифаи духтури клуб, офият ва барқароршавии табобатӣ, ғизои муносиби варзишгарон, мушкилоти допинг, расонидани ёрии саривақтӣ ва бисёр мавзӯҳои дигари манфиатнкро дар бар мегирад.