Дар бозии «Истиқлол» ва «Олой» мухлисонро тӯҳфаҳои қиматбаҳо интизоранд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар бозии «Истиқлол» ва «Олой» мухлисонро тӯҳфаҳои қиматбаҳо интизоранд

Баъди анҷоми вохӯрии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо иштироки дастаҳои «Истиқолол»-и Душанбе ва «Олой»-и шаҳри Ош, ки 18 апрел, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад, бозии лотерея гузаронида мешавад.

Тавре сомонаи расмии КФ «Истиқлол» хабар медиҳад, роҳбарияти «Истиқлол»  барои мухлисони ба варзишгоҳомада  ду телефони муосир, ноутбук ва паланшетро ҷудо намудаанд, ки аз рӯи билетҳо ба бозӣ гузошта мешаванд.

Мухлисон метавонанд билетҳоро дар хазинаи Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаи «Ҷома» харидорӣ кунанд. Телефон барои тамос: 989 08 6363

Ёдрас мешавем, ки бозии «Истиқлол» ва «Олой» 18-уми апрел, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказӣ баргузор мегардад.

Добавить комментарий