Чемпионати минтақавии Осиё-2016 дар арафаи оғозшавӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати минтақавии Осиё-2016 дар арафаи оғозшавӣ

Барои бори нахуст дар Тоҷикистон аз 26 апрел то 1 май чемпионати минтақавии Осиё-2016 байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 солаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ доир мешавад. Дар мусобиқа дастаҳои мунтахаби духтаронаи то синни 14 солаи Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутан, Непал ва Ҳиндустон иштирок мекунанд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи мунтахаби духтарони то синни 14 солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” баромад мекунад. Рақиби футболбоздухтарони тоҷик дар ин гурӯҳ мунтахабҳои духтаронаи Эрон (26 апрел), Бутан (27 апрел) ва Қирғизистон (28 апрел) мебошанд. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи Академияи “Истиқлол” дар шаҳраки Алмосӣ мегузаранд. Оғози бозиҳо соати 16:00.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳии мусобиқа дар гурӯҳи “В” дар Варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт мегузаранд. Дар ин гурӯҳ мунтахабҳои духтаронаи Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон баромад мекунанд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба бозиҳои ниманиҳоӣ мебароянд. Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи 30 апрел доир мегарданд. Вохӯрии финалии чемпионати минтақавии Осиё-2016 дар Варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе доир хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 16:00.

 

Чемпионати минтақавии Осиё байни мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола

Минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ

Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Бутан, Эрон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.

 

Тақвими бозиҳо

Даври 1-ум

26 апрел (сешанбе)

13:00 – Қирғизистон – Бутан. Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон. Ҳисор,варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Ҳиндустон – Бангладеш. Душанбе,варзишгоҳи «Авиатор»

 

Даври 2-юм

27 апрел (чоршанбе)

13:00 – Эрон – Қирғизистон. Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

 16:00 – Бутан – ТОҶИКИСТОНҲисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

 16:00 – Непал – Ҳиндустон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

 

Даври 3-юм

28 апрел (панҷшанбе)

13:00 – Бангладеш – Непал. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – Бутан – Эрон. Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор»

16:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

 

Бозиҳои ниманиҳоӣ

30 апрел (шанбе)

16:00 – 1 «А» – 2 «В». Ҳисорварзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – 1 «В» – 2 «А». Душанбе, варзишгоҳи  «Авиатор»

1 май (якшанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм. Ҳисор, варзишгоҳи Академияи «Истиқлол»

16:00 – Финал. Душанбе, варзишгоҳи  «Авиатор»

Добавить комментарий