Бозии Тоҷикистон – Австралия дар қатори сермухлистарин бозиҳои даври чорум – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии Тоҷикистон – Австралия дар қатори сермухлистарин бозиҳои даври чорум

Бозии байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Австралия (0:3) дар доираи бозиҳои даври чоруми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 дар қораи Осиё, аз рӯи ҳузури мухлисон панҷум маҳсуб меёбад. Ин бозиро, ки шоми сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, 19 ҳазор мухлисон тамошо карданд.

Аз ҳама бозии сермухлистарин дар ин давр, бозии байни мунтахабҳои Таиланд ва Ироқ (2:2) буд, ки дар он 43 572 нафар тамошобинон ширкат карданд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Раҷамангала”-и Бангкок, ки 65 ҳазор ҷои нишаст дорад, баргузор гардид. Бозии байни мунтахабҳои Камбоҷа ва Сурия (0:6) аз рӯи ҳузури мухлисон дар ҷои дуюм меистад. Ба иттилои торнамои рамии АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) 35 ҳазор мухлисон ин бозиро дар Пномпен тамошо карданд. Бозии байни мунтахабҳои Молдив ва Хитой (0:3) аз рӯи ин омор дар мақоми сеюм қарор дорад. Бозии мазкурро дар варзишгоҳ 28 036 нафар дӯстдорони футбол тамошо намуданд.

Дар маҷму понздаҳ вохӯрии даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018-ро дар Осиё 219 353 нафар тамошобинон дар варзишгоҳҳо тамошо карданд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар бозӣ 14 623 нафар рост меояд.

Ҳаминро бояд кард, ки як бозии дигари даври чорум дар Осиё миёни мунтахабҳои миллии Малайзия ва Арабистони Саудӣ бо сабаби бетартибиҳои мухлисон дар варзишгоҳ қатъ карда шуд. Ҳангоми 2 бар 1 ба фоидаи мунтахаби Арабистони Саудӣ будани ҳисоби бозӣ, фанатҳои мунтахаби Малайзия ба майдон ба партофтани ашёҳои тарфгарӣ (пиротехника) оғоз карданд. Дар дақиқаи 88-уми бозӣ доварони вохӯрӣ қарор карданд, ки бозиро қатъ намуда, бозигарони ҳар ду дастаҳоро аз майдон бароранд. Ва ҳамин хел бозӣ нотамом монд.

 

Омори пурраи ҳузури мухлисон дар бозиҳои даври чоруми марҳилаи дуюми интихобии ҶҶ-2018 дар Осиё ба ин тартиб аст:

1. Таиланд – Ироқ (2:2) – 43 572 нафар тамошобинон

2. Камбоҷа – Сурия (0:6) – 35 000 нафар тамошобинон

3. Молдив – Хитой (0:3) – 28 036 нафар тамошобинон

4. Тайбеи Чин – Ветнам (1:2) – 20 239 нафар тамошобинон

5. Тоҷикистон – Австралия (0:3) – 19 000 нафар тамошобинон

6. Фаластин – ИМА (0:0) – 15 000 нафар тамошобинон

7. Ҳиндустон – Эрон (0:3) – 14 500 нафар тамошобинон

8. Бангладеш – Урдун (0:4) – 12 000 нафар тамошобинон

9. Афғонистон – Ҷопон (0:6) – 8650 нафар тамообинон

10. Филиппин – Узбекистон (1:5) – 7500 нафар тамошобинон

11. Гонконг – Қатар (2:3) – 6396 нафар тамошобинон

12. Лубнон – Кореяи Ҷанубӣ (0:3) – 5500 нафар тамошобинон

13. Гуам – Умон (0:0) – 2239 нафар тамошобинон

14. Лаос – Кувайт (0:2) – 1300 нафар тамошобинон

15. Яман – Баҳрайн (0:4) – 421 нафар тамошобинон

Добавить комментарий