Бозии СК “Кувайт” – “Истиқлол”-ро бригадаи доварони эронӣ ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии СК “Кувайт” – “Истиқлол”-ро бригадаи доварони эронӣ ҳакамӣ мекунад

Бозии якуми марҳилаи нимфиналии чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанберо дар доираи рақобатҳои Ҷоми АФК-2015 бо СК “Кувайт”-и Кувайт довари 41-солаи эронӣ Муҳсин Торки ҳакамӣ мекунад.

Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Муҳаммадризо Абулфазлӣ ва Саид Алиниёзҳодиён кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии бозиро Бунёдифард Моуд иҷро мекунад. Нозири доварон Салим Саид бин Хазим Ал-Сувайдӣ аз АМА ва комиссари вохӯрӣ Бенҷамин Тан аз Сингапур таъин шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввали нимфиналии Ҷоми АФК-2015 байни СК “Кувайт” (Кувайт) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) рӯзи 30 сентябр, соати 19:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ (21:20 ба вақти Душанбе) баргузор хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ бошад, рӯзи 21 октябр дар варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 доир мегардад.

Добавить комментарий