Бозии “Шоҳин Осмоӣ” – «Ҳосилот»-ро Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии “Шоҳин Осмоӣ” – «Ҳосилот»-ро Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунад

Ҳайати доварони хизматрасони бозии якуми марҳилаи пешакии Ҷоми КФО-2017 байни чемпиони Афғонистон “Шоҳини Асамоӣ” ва витсе-чемпиони Тоҷикистон “Ҳосилот”-и Фархор маълум шуд.

Сардовари бозӣ рефери 40 солаи ФИФА Дмитрий Машентсев аз Қирғизистон таъин шуд. ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Лим Кок Хенги 41 сола аз Сингапур ва Моҳд Шаҳрин Бин Че Омари 33 сола аз Малайзия кӯмак хоҳанд кард.  Нозири доварони бозӣ Викраматунга Саманаратхна Мухандирамг Нимал аз Шри-Ланка ва комиссари бозӣ Саид Ал-Масри аз Сурия таъин шуданд.

Бозии якуми байни ин дастаҳо рӯзи 31 январ, соати 15.30 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва бозии ҷавобӣ рӯзи 7 феврал дар ҳамин варзишгоҳ баргузор хоҳанд шуд.

Добавить комментарий