Бозии санҷишии «Истиқлол» – «Хуҷанд» боз мусовӣ анҷом ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии санҷишии «Истиқлол» – «Хуҷанд» боз мусовӣ анҷом ёфт

Дар бозии дуюми санҷишии чемпион ва витсе-чемпиони Тоҷикистон, дар ҷамъомади омӯзишӣ-машқии дастаҳо дар Қайроққум ғолиб маълум нашуд. Ин бор «Хуҷанд» ва «Истиқлол» ба дарвозаи ҳамдигарӣ ду голӣ заданд.

Бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн оғоз шуда, хеле шавқовару тамошобоб сурат гирифт, аммо қисми аввали вохӯрӣ бидуни гол анҷом ёфт. Дар қисми дуюми бозӣ бошад, дастаҳо ба дарвозаи ҳамдигарӣ ду голӣ заданд. Ҳисобро дар дақиқаи 61-уми вохӯрӣ футболбозони дастаи пойтахт боз карданд. Партофти Нуриддин Давроновро аз тарафи чапи майдон, легионери украинӣ Александр Каблаш, ки айни замон дар ҳайати «Истиқлол» дар марҳилаи азназаргузарӣ қарор дорад, ба задани гол анҷом кард. Аммо ҳамагӣ баъд аз як дақиқа, Фарҳод Тоҳиров ҳисобро баробар сохт. Дар дақиқаи 76 бозӣ боз Фарҳод Тоҳиров дастаи соҳили Сирдарёро ба пеш баровард. Аммо ҳамагӣ панҷ дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии вохӯрӣ, Амирҷон Сафаров ҳисобро баробар кард. Бозӣ ба ҳамин ҳисоб анҷом ёфт.

Бозии навбатии санҷишии худро «Истиқлол» рӯзи 19 январ бо дастаи «Алмалик»-и Узбекистон дар Тошканд мегузаронад. Бозӣ дар майдони футболбозии Академияи «Бунёдкор» доир мешавад. Оғози бозӣ соати 15.00.

 

Бозии санҷишӣ

«ИСТИҚЛОЛ» — «ХУҶАНД» — 2:2

Голҳо: Александр Каблаш, 61 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 62 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 76 (1:2). Амирҷон Сафаров, 85 (2:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Алишер Додов, 46), Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев (Артур Губайдулин, 70), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов, Александр Каблаш, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов (Амирҷон Сафаров, 70).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Илҳом  Баротов (Руслан Раҳматов, 90), Ҳоҷибой Зиёев, Дилшод Каримов, Сафаралӣ Каримов, Дилшод Бозоров (Саидҷон Шарипов, 75), Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 86)

Огоҳонида шуданд: Илҳом Баротов («Хуҷанд»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

15 январ.Қайроққум. Варзишгоҳи  «Бонки миллӣ». 300 нафар тамошобинон.

Добавить комментарий