Бозии “Паҳанг” – “Истиқлол” тавассути Шабакаи якум мустақиман намоиш дода мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии “Паҳанг” – “Истиқлол” тавассути Шабакаи якум мустақиман намоиш дода мешавад

Бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми АФК-2015, ки имрӯз байни “Паҳанг”-и Малайзия ва “Истиқлол”-Тоҷикистон доир мешавад, тавассути “Шабакаи якум”-и ТВТ мустақиман нишон дода мешавад.

Он гуна ки сардори департаменти маркетинг ва кор бо ҷомеаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фирӯз Ҳасанов хабар дод, ҳуқуқи намоиши ин бозиро тариқи телевизион Федератсияи футболи Тоҷикистон дастрас намуда, онро ба “Шабакаи якум”-и ТВТ пешниҳод гардонид. Бозӣ рӯзи 16 сентябр, соати 17:45 дақиқаи вақти Душанбе дар варзишгоҳи Дорулмакмури Куантан баргузор мегардад

Добавить комментарий