Бозии финалии Ҷоми КФО-ро бригадаи доварон аз Япония ҳакамӣ мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии финалии Ҷоми КФО-ро бригадаи доварон аз Япония ҳакамӣ мекунанд

Бозии финалии Ҷоми КФО-2015 миёни чемпиони секаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҷохор Дорул Такзим»-и Малайзияро ҳайати доварон аз Япония хизматрасонӣ мекунанд.

Сардовари бозӣ рефери 39-солаи ФИФА Тоҷо Минору таъин шудаст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш ёварони рефери ФИФА Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии бозиро рефери 34-солаи ФИФА Иида Юмпей бар ӯҳда дорад. Хани Толиб Сафар аз давлати Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари бозӣ таъин шудаанд.

Бозии финалӣ рӯзи 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 16:00. Ғолиби мусобиқа бо ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 350 ҳазор ва дастаи финалист бо 250 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Добавить комментарий