Бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихобии ҶҶ-2018 байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Бангладешро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунанд.
Сардовари бозӣ рефери 38-солаи ФИФА Али Сабаҳ Аддай Ал-Кайси (дар расм дуюм аз тарафи рост) таъин шудаст. ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш, ёварони рефери ФИФА – Луай Субҳи Адиб Ал-Азавии 44-сола ва Муаяд Муҳаммад Алии 35-сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётии бозиро рефери 33-солаи ФИФА Ватика Муҳаммад Ал-Баага ба зимма дорад. Масуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари бозӣ таъин шудаанд. Ахирӣ бозии финалии Ҷоми КФО-2015-ро хизматрасонӣ намуда буд.
Ёдрас мешавем, ки бозии даври ҳафтуми марҳилаи интихоби ҶҶ-2018 миёни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 12 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад. Оғози бозӣ соати 17.00 ба нақша гирифта шудааст.