Мӯҳтарам ҳаводорони футбол! Ба шумо хушхабареро мерасонем, ки муштоқи шуниданаш ҳастед. Бозии якуми нимниҳоии Ҷоми АФК-2015 байни СК “Кувайт” (Кувайт) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон), ки рӯзи 30 сентябр дар варзишгоҳи “Kuwait Sports Club Stadium”- Кувайт баргузор мегардад, мустақиман тариқи “Шабакаи аввал”-и телевизиони давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад.
Ҳуқуқи мустақиман дар Тоҷикистон намоиш додани ин бозиро Федератсияи футболи мамлакат соҳиб шуда, онро ба “Шабакаи аввал”пешкаш сохт. Бозӣ соати 21:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Ёдрас месозем, ки қаблан ҳам Федератсияи футболи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо “Шабакаи аввал” бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми АФК-2015 байни “Паҳанг” (Малайзия) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон)-ро (3:1) мустақиман пешкаши мухлисони футболи кишвар гардонида буданд.