Бозии байни «Истиқлол» – «Олтин Асир» рӯзи 31 май соати 20:00 оғоз мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии байни «Истиқлол» – «Олтин Асир» рӯзи 31 май соати 20:00 оғоз мешавад

Бозии даври ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 дар квартети «D» байни чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе ва пурқувваттарин бошгоҳи футболи Туркманистон – «Олтин Асир»-и Ишқобод рӯзи 31 май, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Замони оғози бозӣ мувофиқи тақвими аввалияи ин мусобиқа соати 15:00 таъин гардида буд. Аммо бо назардошти гармии ҳаво ва оғози моҳи шарифи Рамазон ва бо дархости расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Конфедератсияи футболи Осиё замони оғози бозиро ба соати 20:00 гузаронд.

Бозии мазкурро ҳайати доварон аз Умон хизматрасонӣ мекунанд. Сардовари вохӯрӣ рефери ФИФА Яъқуб Саид Абдулло Абдул Боқӣ таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА – Абдулло Алӣ Абдулло Алӣ-Ҷорданӣ ва Ал-Ҳакмани Рашад Рашид Саид кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Ал-Шакси Халид Маҳрун Сулаймон ба зимма дорад. Нозири доварони ин вохӯрӣ Момбени Ҳидоят аз ҶИЭ ва комиссари бозӣ бошад Юнг Таенам аз Кореяи Ҷанубӣ таъин шудаанд.

Қобили қайд аст, ки рӯзи 31 май, дар бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Олтин Асир» дастае, ки дар ин квартет мақоми аввалро ишғол намуда, дар Ҷоми КФО-2017 муборизаро идома медиҳад, муайян хоҳад шуд. Бозии аввали ин дастаҳо рӯзи 3 апрел дар Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом ёфта буд. Айни замон «Истиқлол» ва «Олтин Асир» баъди чор даври бозиҳо 10 имтиёзӣ доранд. Бозии навбатии худро «Истиқлол» рӯзи 17 май дар сафар бо «Дордой» дар Бишкек мегузаронад. Дар ин рӯз «Олтин Асир» дар Балканобод «Олой»-и Ошро қабул мекунад.

Добавить комментарий