Бозии ҷавобии “Истиқлол”-ро бо “Паҳанг” хизматчии ҳарбӣ аз Умон ҳакамӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии ҷавобии “Истиқлол”-ро бо “Паҳанг” хизматчии ҳарбӣ аз Умон ҳакамӣ мекунад

Ҳайати доварони хизматрасони бозии ҷавобии чемпиони секаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт бо “Паҳанг”-и Малайзия дар доираи марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО маълум шуд.

Сардовари бозӣ рефери 44-солаи умонӣ Абдулло Муҳаммад Масуд Ал-Хилал таъин шудаст, ки мавсуф хизматчии ҳарбӣ мебошад.

Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш – ёварони рефери ФИФА Ҳамид Сулаймон Мархун Ал-Майяхи 40-сола ва Абдулло Алӣ Абдулло Ал-Ҷордании 37-сола кӯмак мекунанд. Довари эҳтиётии бозӣ рефери 36-солаи ФИФА Яқуб Саид Абдулло Абдул Боқӣ мебошад. Нозири доварон Перейра Валтер Эдвард аз Ҳиндустон ва комиссари вохӯрӣ Ҳамид Моменӣ аз Эрон таъин шуданд.

Ал-Хилали сар аз соли 2002 бозиҳои байналмилалио доварӣ мекунад. Ӯ бозиҳои Лигаи чемпионҳо, Ҷоми КФО ва марҳилаҳои интихобии чемпионатҳои ҷаҳон ва Ҷоми Осиёро ҳакамӣ намудаст. Хилади яке аз аввалин доварони футболи Умон дар таърихи Олимпиадаҳо буда, инчунин яке аз се нафар доварони осиёист, ки бозиҳои Олимпиада-2008-ро хизматрасонӣ кардааст.

Қаблан Ал-Халиди ду маротиба бозиҳои байналмилалиро бо иштироки мунтахабҳои кишвари мо хизмат расонидаст. Соли 2006 дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни мунтахабҳои ҷавонони зери 19 ӯ бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро бо Ҷопон (0:4) ва соли 2007 бошад, бозии байни мунтахаби миллии Тоҷикистон бо Бангладешро (1:1) дар доираи бозиҳои марҳилаи ихтисосии ҶҶ- 2010 доварӣ кардаст.

Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Паҳанг”-и Малайзия ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр, соати 20.45 бо вақти Малайзия (соати 17.45 бо вақти Душанбе) дар Куантани Малайзия доир мегардад. Бозии аввали ин дастаҳоро, ки рӯзи 26 август, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад, рефери 29-солаи ФИФА аз Урдун Адҳам Муҳаммад Тумаҳ Маҳадмеҳ доварӣ мекунад.

Добавить комментарий