Бозиҳои санҷишии пеш аз оғози қисми дуюми чемпионат – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои санҷишии пеш аз оғози қисми дуюми чемпионат

Дастаҳои лигаи олии кишвар бозиҳои санҷишӣ гузаронида, ба қисми дуюми чемпионат омодагӣ мебинанд.

Рӯзи чоршанбеи 15 июл, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар шаҳри Норак ба қисми дуюми чемпионат омодагӣ мебинад, бо КМВА “Помир” бозии санҷишӣ гузаронид. Бозӣ шавқовару тамошобоб доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи дастаи шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт. Ду голи “Равшан”-ро легионери эронӣ Ҳусейни Сӯҳробӣ ва як голиро Абдурасул Раҳмонов ва Наврӯз Рустамов ба самар расониданд. Дар ҳайати мудофиачиён бошад Рустам Толибов, Павел Калугин ва Давронҷон Тухтасунов ба задани гол муваффақ шуданд.

Чепиони феълии мамлакат ва пешсафи ягонаи қисми якуми ҷадвали чемпионати имсола “Истиқлол”-и Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон, ки ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2016 омодагӣ мебинад, бозии санҷишӣ гузаронд. Дар ин вохӯрӣ ғалаба насиби чемпиони феълӣ шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 14 вохӯрӣ ниммуҳофизи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев боз кард. Баъди чор дақиқа ҳамлагари дастаи пойтахт, легионери испаниягӣ Мануел Бледа Родригес голи дуюми “Истиқлол”-ро зада, ҳисоби бозиро дучанд гардонид. Қисми якуми вохӯрӣ бо ҳамин ҳисоб анҷом шуд. Дар қисми дуюми вохӯрӣ ҳар ду дастаҳо қариб, ки ҳайатҳои худро пурра иваз карда, ба майдон бозигарони навро бароварданд. Ин қисми бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт, вале ҳисоби вохӯрӣ тағийр наёфт.

Рӯзи 21 июл, “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи кишвар, бори дигар бозии санҷишӣ мегузаронад. Оғози бозӣ соати 18.00 ба нақша гирифта шудаст.

Добавить комментарий