Бебарории дастаи ФФТ дар Ҷоми Ғалаба – Федерация Футбола Таджикистана

Бебарории дастаи ФФТ дар Ҷоми Ғалаба

Ғайриинтизор, дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи футболи хурд, ки бахшида ба Рӯзи Ғалаба гузашта истодааст баромада натавонист.

Ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Ғалаба 18 даста роҳ ёфта, ба чор гурӯҳ тақсим шуданд. Мувофиқи низомномаи мусобиқа аз ҳар гурӯҳ дастаҳои ҷойҳои якуму дуюм ба даври 1\4 финал мебароянд. Дружинаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “А” баромад мекард,   бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳиро бо “Вавилон” мусовӣ 3 бар 3 анҷом дода, дар бозии даври дуюм аз “Динамо”-и пойтахт бо ҳисоби 3 бар 5 мағлуб шуд.

Дастаҳои “Вавилон”, “Ориёнбонк”, “Амонатбонк” ва “Газпром” дар бозиҳои 1\4 финал, мутаносибан,  дастаҳои “Агроинвестбонк” (4:3), “Инфосис” (4:3), “Динамо” (2:2, аз рӯи силсилаи пеналтӣ 4:2) ва “Аэропорт” (2:1)-ро мағлуб карда, ба бозиҳои нимниҳоӣ баромаданд. Бозиҳои 1\2 финалӣ рӯзи ҷумъаи 29 май ва бозиҳои ҳалкунанда бошанд рӯзи якшанбеи 31 май доир хоҳанд шуд.

Ногуфта намонад, ки ғолиби Ҷоми Ғалаба дар баробари ҷом боз бо 5000 сомонӣ, барандаи медалҳои нуқра бо 3000 ва ҷоизадори медалҳои биринҷӣ бо 1000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Мусобиқаи футболи хурд бахшда ба Рӯзи Ғалаба

Гурӯҳи «А»

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Агроинвестбонк» 5 4 0 1 16-5 12
2 «Амонатбонк» 5 3 1 1 18-9 10
3 Академияи ВКД 5 3 1 1 10-5 10
4 «Казкоммерсбанк» 5 2 0 3 8-8 6
5 «Антикоррупсия» 5 1 0 4 5-17 3
6 СМП «Сваля» 5 1 0 4 8-21 3

 

Гурӯҳи «Б»

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Динамо» 2 1 1 0 7-5 4
2 «Вавилон» 2 0 2 0 5-5 2
3 ФФТ 2 0 1 1 6-8 1

 

Гурӯҳи «В»

Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ориёнбанк» 4 3 1 0 16-6 10
2 «Газпром» 4 3 0 1 9-8 9
3 Дастгоҳи президент 4 2 0 2 13-12 6
4 Суди н. Сино 4 1 1 2 12-12 4
5 «Спитаменбанк» 4 0 0 4 3-15 0

 

Гурӯҳи «Г»

  Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Аэропорт» 3 2 1 0 10-6 7
2 «Инфосис» 3 2 0 1 14-3 6
3 УГАИ 3 1 1 1 6-12 4
4 TCELL 3 0 0 3 6-15 0

 

Бозиҳои чорякниҳоӣ

«Агроинвестбанк» – «Вавилон» – 3:4

«Динамо» – «Амонатбанк» – 2:2. Бо пеналти – 2:4

«Ориёнбанк» – «Инфосис» – 4:3

«Аэропорт» – «Газпром» – 1:2

 

Бозиҳои нимниҳоӣ

29 май (ҷумъа)

18.00 – «Вавилон» – «Ориёнбанк»

18.00 – «Амонатбанк» — «Газпром»

31 май (якшанбе)

8.00 – Бозӣ барои ҷои сеюм

9.00 – Финал

Добавить комментарий