Алиёр Ашурмамадов сармураббии “Далерон-Уротеппа” таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Алиёр Ашурмамадов сармураббии “Далерон-Уротеппа” таъин шуд

Мутахассиси шинохтаи футболи ватанӣ Алиёр Ашурмамадов сармураббии нави дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан таъин шуд.

Дар мусоҳиба бо торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон президенти клуб Алишер Фозилов ин хабарро тасдиқ намуд. Ба гуфти Фозилов то имрӯз Тоҷиддин Наботов сармураббии “Далерон-Уротеппа” ба ҳисоб мерафт. Ашурмамадов аз пагоҳ фаъолияти кории худро дар клуби шаҳри Истаравшан оғоз мекунад.

Алиёр Девлохович Ашурмамадов 20 августи соли 1968 таваллуд шудааст. Устоди варзиши ИҶШС мебошад. Ба ҳайси бозигар дар дастаҳои  СКИФ-1 (Душанбе, 1989), «Вахш» (Қӯрғонтеппа, 1990), «Помир» (Душанбе, 1991-1992), «Локомотив» (Москва, 1993), «Авангард» (Коломна, 1994), «Анжи» (Махачқалъа, 1995-1998), «Варзоб» (Душанбе, 1999-2000), «Иртиш» (Павлодар, 2001-2002), СКА «Помир» (Душанбе, апрел-июл 2004), «Хима» (Душанбе, август 2005-2007) бозӣ кардаст.

Соли 2009 Ашурмамадов ба ҳайси сармураббии КМВА “Помир” таъин шуда, то моҳи декабр дар ин вазифа фаъолият намуд. Зери роҳбарии ӯ дастаи артиш дар чемпионати Тоҷикистон зтнаи нуҳӯмро ишғол намуда, барои бори аввал дар таърихи клуб ба бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон баромад. Дар бозии финалӣ шогирдони Ашурмамдов аз “Истиқлол”-и пойтахт бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуданд.

Моҳи декабри соли 2009 Алиёр Ашурмамдов ба вазифаи сармураббии мунтахаби ҷавонони зери 19 солаи Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Салоҳиддин Ғафуровро иваз намуд. Аммо дастаи мунтахаби ҷовонон таҳти роҳбарии ӯ ягон бозӣ нагузаронид ва дар ин вазифа Ашурмамдовро Маҳмадҷон Ҳабибуллоев иваз кард.

Соли 2010 Алиёр ба вазтфаи сармураббии дастаи “Энергетик” таъин шуд. Зери роҳбарии ӯ дастаи барқчиён дар чемпионати Тоҷикистон 9 бозӣ гуҳаронид, ки дар 3 бозӣ ғолиб шуда, 5 вохӯриро бохт ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Баъди даври 16 чемпионат Ашурмамдов аз вазифааш озод карда шуд.

Моҳи майи соли 2011 Ашурмамдов боз ба ситоди мураббиёни КМВА “Помир” шомил шуда, сар аз соли 2012 ба вазифаи сармураббии даста таъин шуд.

Соли 2013 Алиёр Ашурмамдов ба вазифаи сармураббии дастаи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуда, давоми як соли пурра фаъолият намуд.

Добавить комментарий