Ғалабаи «Истиқлол» бар «Дордой» мухлисонро шод кард – Федерация Футбола Таджикистана

Ғалабаи «Истиқлол» бар «Дордой» мухлисонро шод кард

Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чемпиони Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D» бар дастаи «Дордой»-и Қирғизистон бо натиҷаи 2:0 ғолиб омада, 16,5 ҳазор мухлисони дар варзишгоҳбуда ва миллионҳо тамошобинони телевизионро шоду масрур гардонид.

Девид Маутор, легионери ганагии истиқлолиҳо дар дақиқаи 16-ум баъди паси олии Дмитрий Барков бо зарбаи сар ҳисобро боз кард. Баъди 6-дақиқа яке аз беҳтарин бозингарони нимаи аввали вохӯрӣ- Ҷаҳонгир Алиев баъди зарбаи кунҷӣ аз ҷониби капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев голи дуюми соҳибони майдонро ба дарвозаи Валерий Кашуба зада, меҳмононро дилшикаста кард.

Ҳарчанд дар нимаи дуюм имкониятҳои хуби голзанӣ барои бозингарони «Истиқлол» ва «Дордой» вуҷуд доштанд, вале ҳисоб тағйир наёфт. Капитани соҳибони майдон Фатҳулло Фатҳуллоев бо зарбаи сахт боре сутуни дарвозаи меҳмононро ба ларза овард.

Дар ин гурӯҳ дастаи дуюми Қирғизистон – «Алай» дар майдонаш аз «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

 

Ҷоми КФО-2017

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) – 2:0

Голҳо: Дэвид Мавутор, 16 (1:0). Ҷаҳонгир Алиев, 22 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Артем Барановский, Дэвид Мавутор, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Алиев (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Дилшод Восиев, 90+2), Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 90+1), Дмитрий Барков.

«Дордой» (Бишкек, Қирғизистон): Валерий Кашуба, Егор Потапов, Курсанбек Шератов, Ислам Шамшиев, Бекжан Сагинбаев (Мирбек Ахматалиев, 54), Кайрат Жиргалбек уулу, Павел Сидоренко (Даниэл Тэго, 46), Бактай Талайбек уулу, Кайрат Колбаев, Алишер Азизов (Адил Бекболотов, 76), Авазбек Откеев.

Огоҳӣ: Дэвид Мавутор («Истиқлол»), Кайрат Жиргалбек уулу, Бактай Талайбек уулу («Дордой»).

Бозингари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Довар дар майдон: Ёқуб Юсуф Қосим Ҳасан ал-Ҳаммадӣ (АМА).

Нозири доварон: Ҷосим Муҳамад ал-Халил (Қатар).

Комиссари бозӣ: Тох Сен Ни (Малайзия).

14 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 16 500 тамошобин.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) 1 1 0 0 2-0 3
2 «Алтин Асир» (Туркманистон) 1 1 0 0 2-1 3
3 «Алай» (Қирғизистон) 1 0 0 1 1-2 0
4 «Дордой» (Қирғизистон) 1 0 0 1 0-2 0

 

Даври 2-юм

4 апрел (сешанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) «Алай» (Қирғизистон)

Добавить комментарий