“Ал-Ваҳда” ба 18 бозигар ба Душанбе омад – Федерация Футбола Таджикистана

“Ал-Ваҳда” ба 18 бозигар ба Душанбе омад

Имрӯз “Ал-Ваҳда”-и Сурия ҷиҳати иштирок дар бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 бо чемпиони феълии Тоҷикистон “Истиқлол”-и пойтахт ба Душанбе омад.

Меҳмононро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳайати намояндагии клуби футболи “Истиқлол” истиқбол кард. Баъди гузаштани назоратҳои шиносномавӣ дастаи футболи “Ал-Ваҳда” дар меҳмонхонаи “Тоҷ Палас” ҷойгир карда шуд. Ситоди мураббиёни “Ал-Ваҳда” ба бозӣ бо чепиони мо бо худ 18 нафар бозигарро ҳамроҳ овардаст.

Ёдовар мешавем, ки бозии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми КФО-2015 байни “Истиқлол” ва “Ал-Ваҳда” рӯзи сешанбеи 26 май, соати 20.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Даромадан ба бозӣ бо билет аст. Нархи билетҳо барои ҳамаи минбарҳои варзишгоҳ 15 сомонӣ муқаррар шудаст. Билетҳо аллакай ба фурӯш бароварда шуданд ва мухлисон метавоннад онҳоро озод аз хазинаҳои билетфурӯшии Варзишгоҳи марказӣ ва мағозаҳои либоси варзишии “Адидас” ва “Joma” дастрас кунанд.

Ҳайати “АлВаҳда” дар бозӣ бо “Истиқлол”:

Дарвозабонҳо: Таха Муса, Муханад Ал-Хайри.

Муҳофизон: Али Диаб, Раслан Ал-Курди, Мухаммад Али Раммал, Мухаммад Катая, Абдулкадер Дакка.

Ниммуҳофизон: Осама Омари, Мухаммад Баш Буйук, Абдулманнан Ибрахим, Мухаммад Али, Тахир Крума, Назим Ал-Маймид, Махмуд Кхадуж.

Ҳамлагарон: Ахмад Ал-Каддур, Маджид Ал-Хадж, Мухаммад Хамдку, Мухаммад Шариф.

Ҳайати роҳбарикунанда: Бахаа Ал-Хуссейн Ал-Месту – менеҷер, Анвар Кики – директор, Рафаат Мухаммад – сармураббӣ, Тариф Раджаб, Дерар Ал-Ясин Ал-Рддави ва Мухаммад Шабрак– ёварони сармураббӣ, Самир Ал-Рихани – мураббии дарвозабонҳо, Муханад Садих – духтур, Башар Мухаммад – роҳбари дафтари матбуот.

Добавить комментарий