Аккредитатсияи ВАО дар бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2016 – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи ВАО дар бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2016

Мӯҳтарам намояндагони васоити ахбори омма! Федератсияи футболи мамлакат аккредитатсияи васоити ахбори оммаро барои иштирок дар бозиҳои хонагии чемпиони феълии футболи Тоҷикистонат «Истиқлол»-и Душанбе, дар марҳилаи гурӯҳии бозиҳои Ҷоми КФО-2016 оғоз менамояд.

Барои гирифтани аккредитатсияи мазкур, намояндагони ВАО-ро зарур аст, ки ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

– дархостнома барои гирифтани аккредитатсия ба номи сардори дафтари матбуоти ФФТ Фаридун Солиев, дар бланкаи расмӣ, ки бо имзои сардабир ва мӯҳр тасдиқ шудааст;

– як дона акси электронии андозаи 3х4 бо нишон додани ному насаб

Дархостномаҳо фақат аз васоити ахбори оммае қабул карда мешаванд, ки шаҳодатномаи мувофиқи бақайдгирифташударо дар бораи васоити ахбори омма доранд.

Ҳуҷҷатҳо барои аккредитатсия ба дафтари матбуоти ФФТ ба почтаи электронии s_faridun@mail.ru фиристонида мешаванд.

Дархостномаҳо то санаи 17 феврал қабул карда мешаванд. Дархостномаҳое, ки баъди муҳлати муқарраршуда ворид мешаванд БАРРАСӢ НАМЕШАВАНД! Ба ин ҳам бояд таваҷҷӯҳ кард, ки аккредитатсияҳои бозиҳои соли гузаштаи «Истиқлол» дар Ҷоми КФО ҚОБИЛИ ҚАБУЛ НЕСТАНД!

Ҳуқуқҳои дорандагони аккредитатсия:

Ба рӯзноманигорон бейҷике дода мешавад, ки аккредитатсияи онҳоро дар бозиҳои хонагии «Истиқлол» дар Ҷоми КФО-2016 тасдиқ мекунад. Бейҷики аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон ҳуқуқ медиҳад, ки ҳангоми баргузории бозиҳо дар минтақаи иҷозатшуда қарор дошта бошанд.

Бейҷики аккредитатсионӣ ба рӯзноманигорон имкон медиҳад, ки дар ложаи матбуотӣ, пушти дарвозаҳои майдони футболбозӣ (барои рӯзноманигорони расмгир) ҷойгир шуда, дар нишастҳои матбуотии баъд аз бозӣ иштирок кунанд.

Минтақаҳои дастрас барои дараҷаҳои мухталифи намояндагони ВАО дар бейҷики аккредитатсионии онҳо мутобиқи талаботҳои КФО нишон дода мешавад.

Маҳрумият аз аккредитатсия:

Ҳуқуқи  рад кардан ва ё маҳрум кардан аз аккредитатсияро Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ихтиёри худ мегузорад.

Сабабҳо барои рад ва ё маҳрумсозӣ:

– аз ҷониби рӯзноманигорон халалдор шудани қоидаҳои дархости аккредитатсия;

– вайрон кардани қоидаҳои рафтор дар варзишгоҳ, халадор кардани сарҳади минтақаҳои иҷозатшуда ҳангоми бозиҳо, халалдор кардани қоидаҳои рафтор ҳангоми нишастҳои матбуотӣ;

Барои гирифтани аккредитатсия метавонед ба роҳбари дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев бо телефонҳои 911100014, 918667387 муроҷиат намоед.

Дар бораи санаи додани аккредитатсия ба таври иловагӣ хабар хоҳем дод.

Добавить комментарий