Аккредитатсияи рӯзноманигорон ба бозиҳои Ҷоми КФО-2017 бо ширкати «Истиқлол»-и Душанбе – Федерация Футбола Таджикистана

Аккредитатсияи рӯзноманигорон ба бозиҳои Ҷоми КФО-2017 бо ширкати «Истиқлол»-и Душанбе

Дафтари матбуоти  ФФТ ва КФ «Истиқлол» аккредитатсияи рӯзноманигоронро ба бозиҳои Ҷоми КФО -2017 бо ширкати «Истиқлол»-и Душанбе оғоз кард. Барои аз аккредидатсия гузаштан аз рӯзноманигорон хоҳиш карда мешавад, ки маълумотнома ва сурати 3х4-и худро ба почтаи электонии s_faridun@mail.ru ирсол намоянд ва нишон диҳанд, ки намояндагии кадом ВАО-ро ба ӯҳда  доранд (рӯзнома, портали интенетӣ, ТВ, радио ва ғайра). Дар дархост овардани ном, номи падар (фамилия) ва рақами телефон ҳатмӣ аст.

Ҳамчунин таваҷҷуҳ бояд, кард, ки се намуди аккредитатсия барои рӯзноманигорон муайян шудааст: барои онҳое, ки менависанд, сурат мегиранд ва навор мебардорнад. Аз ҳамин рӯ ҳатман соҳаи худро мушаххас нависед.

Дархостҳо то соати 17:00-и рӯзи панҷшанбе, 9 март  қабул карда мешаванд. Он дархостҳое, ки баъди ин рӯз ворид мегарданд, ба назар гирифта нахоҳанд шуд. Аккредитатсияи бозиҳои дастаи «Ҳосилот»  дар Ҷоми КФО дар бозиҳои гурӯҳӣ эътибор надоранд.

Бейҷҳои аккредитатсионӣ 13-уми март баъди конфронси матбуотии дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой» ба рӯзноианигорон супорида мешаванд.

Телефонҳо барои маълумот: 911100014 ва ё  918667387 (Фариддун Салиев), 987351111 (Рустам Ҳакимов).

Добавить комментарий