Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов баъди бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Баҳрайн, ки 23-юми март, дар варзишгоҳи миллии Баҳрайн сурат гирифт, ва бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъабст шуд ба саволҳо ҷавоб гуфт:
– Пеш аз ҳама ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) барои ташкил кардани ин вохӯрии дӯстона бо яке аз дастаҳои беҳтарини Осиё изҳори минатдорӣ менамоям. Фикр мекунам, ки ин вохӯрӣ пеш аз бозии расмӣ бо дастаи мунтахаби Яман дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 барои мо як таҷрибаи хеле хуб буд. Мо имрӯз дидем, ки то кадом андоза футболбозони ҳайати асосӣ ба бозиҳо омодаанд ва ҳайати эҳтиётиро низ санҷидем. Ман аз ҳунарнамоии бозингарон қаноатмандам. Дар пеш бозии асосӣ моро бо дастаи мунтахаби Яман интизор аст.
– Назари шумо ба бозии имрӯза?
– Бози барои дастаи мо саҳлу осон буд. Аз таврафи дигар дастаи мунтахаби Баҳрайн дар радабандии ФИФА аз дастаи мунтахаби мо боло меистад. Майдон ҳам хеле олӣ буд. Ноқисие, ки дар ин ҷо ба мушоҳида расид, ин борони сахт буд, ки ба ҳунарнамоӣ халал ворид кард.
– Аз натиҷа қаноатмандед?
– Натиҷа нишондиҳандаи ҳақиқии ин бозӣ буд. Мо тавонистем шаш нафарро иваз кунем. Ин дигаркунии ҳайат мақсаднок буд ва мо хеле тез ба ивазкунӣ сар кардем, зерро ҳолати майдон дар вақти борон бад шуда буд, нахостем, ки бозингарон лат ва ё ҷароҳат бардоранд. Аз натиҷаи вохӯрӣ розием.
Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Баҳрайн ва Тоҷикистон, ки 23-юми март, дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Риффа баргузор гардид, бо натиҷаи 1:1 ба поён расид. Голҳоро Манучеҳр Ҷалилов (4-ум дақиқа) ва Комил ал-Асвад ( 90+3) ба нишон расониданд.