Ҳайати хизматрасони бозиҳои даври 11 Лигаи олии Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати хизматрасони бозиҳои даври 11 Лигаи олии Тоҷикистон

Ҳайати доварон ва нозирону комиссарҳои хизматрасони бозиҳои даври 11-уми Лигаи олии Тоҷикистон муайян шуданд.

Даври ёздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон имрӯз, 18 май, бо бозӣ байни дастаҳои “Вахш” (Қӯрғонтепа) ва “Барқчӣ” (Ҳисор) оғоз мешавад. Рӯзи шанбеи 20 май КМВА “Помир”-и пойтахт дар майдони худ “Паҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қабул мекунад. Рӯзи якшанбеи 21 май бошад, “Ҳосилот”-и Фархор дар бозии марказии давр, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор бо “Регар-ТадАз” рӯбарӯ мешавад.

Дар бозии ҷамъбастии ин давр, ки рӯзи 25 май доир мешавад, чемпиони феълии футболи мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахт “Хуҷанд”-и хуҷандро қабул мекунад. Ин бозӣ мувофиқи тақвими пешакӣ бояд рӯзи 23 май доир мешуд. Аммо бо сабаби оне, ки дар ин рӯз дар варзишгоҳ чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегарданд, Лигаи футболи мамлакат бозиро ба рӯзи 25 май гузаронд.

 

Лигаи олии Тоҷикистон. Даври 11-ум

18 май (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Вахш» – «Барқчӣ»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Ёварон: Абдурашид Муродов (Турсунзода), Холмурод Абдусаломов (Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Некрӯз Умаров (Қӯрғонтеппа).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

Қӯрғонтеппа, Варзишгоҳи «Пахтакор»

 

20 май (шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

КМВА «Помир» – «Панҷшер»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварон: Ҳасан Каримов (Норак), Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Ғайрат Мирзоалиев (Шаҳринав).

Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Нуралӣ Хоркашев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи ҶТ

 

21 май (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Ҳосилот» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ёварон: Сайвалӣ Турдиев (Вахш), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Довари эҳтиётӣ: Наврӯз Воҳидов (Вахш).

Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).

Комиссари бозӣ: Сафар Каримов (Норак).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

Добавить комментарий