Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷаҳонгир Алиев, ки ҳаммуаллифи голи ягонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи мунтахаби Баҳрайн гардид, арз намуд, ки – «вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Баҳрайн ниҳоят вазнин гузашт, зерро борони шадид ба ҳунарнамоии ҳар ду даста таъсиргузор буд. Афсӯс мехурам, ки мо то охир натиҷаи пирӯзиро нигоҳ дошта натавонистем. Ин футбол аст ва бояд фикрамонро ба бозии оянда бо дастаи мунтахаби Яман равон кунем. Ба ин бозӣ тайёрии пухта мебинем. Дастаи мунтахаби Яман дастаи хуб аст ва хуб ҳимоя карда метавонад. Ин аввалин вохӯрии расмии дастаи мунтахаби мо дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2019 аст ва ғалаба дар он барои мо ниҳоят муҳим мебошад» -ҷамъбаст кард, Ҷаҳонгир Алиев.
Ёдовар мешавем, ки футболбозони кишварамон 28-уми март дар шаҳри Давҳаи Қатар бозии аввалини расмии интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо дастаи мунтахаби Яман мегузаронанд ва ин бозӣ дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамад соати 21:00 бо вақти Душанбе гузаронида мешавад.